Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҶустуҷӯи гумонбарони мубтало ба коруно дар Тоҷикистон

Ҷустуҷӯи гумонбарони мубтало ба коруно дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шахсонеро меҷӯянд, ки бо ӯзбекистонии сироятёфта ҳамсафар будаанд.

Шаш нафари эҳтимол бо бемор алоқадошта ба карантин гирифта шуда, боз чор нафари дигарро ҷустуҷӯ доранд.

Дар ин бора Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ хабар дода гуфт, ки рӯзи 15-уми март 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймо аз Истанбул ба Тошканд омадаанд.

Ба гуфтаи прокурори генералӣ, дар ин ҳавопаймо ҳамон шаҳрванди Ӯзбекистон парвоз дошт, ки баъдан сироятёбии ӯ ба коронавирус тасдиқ шуд.

Юсуф Раҳмон афзуд, ки шахсияти 6 тоҷикистонии тавассути ин ҳавопаймо парвозкарда муайян гардида, субҳи имрӯз онҳо ба карантин гирифта шуданд.

Ба гуфти прокурори генералӣ, “Ҷустуҷӯйи 4 нафари боқимонда  шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад”.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз зимни даромадан ба бинои парлумон ҳамаи воридшудагонро табибон тариқи тепловизор санҷида, дастони ҳар кадомеро бо маҳлули антисептикӣ тоза карданд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular