Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетРақси таърихӣ

Рақси таърихӣ

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон дафтари марказӣ ё штаби ташдиди амалиёти зиддиэпидемиявӣ ташкил гардида раҳбарии он ба дӯши сарвазир Қоҳир Расулзода гузошта шудааст. Штаби қаблӣ, ки онро ҷонишинони сарвазир  Азим Иброҳим ва Ширин Исматуллозода раҳбарӣ мекарданд, барҳам дода шуд.

Ба штаби қаблӣ асосан муовинони вазирҳову раисони кумита шомил буданд. Штаби нав бошад аз роҳбарони тамоми вазоратҳову кумитаҳо, котиби Шӯрои амният, Додситони кул, раҳбарони шӯъбаҳои дахлдори Дастгоҳи раисҷумҳур ва ҳатто раҳбарони “Барқи тоҷик”, “Тоҷикматлубот” ва Донишгоҳи тиббӣ ташкил шудааст. 

Тибқи фармони раисҷумҳури Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020 ба хотири татбиқи чораҳои пешгирӣ аз воридсшавӣ ва паҳнгардии вируси коруно (COVID – 19) Дафтари марказии ҷумшҳуриявӣ таъсис дода шуд. Таҳти раҳбарии сарвазир.

Яъне ҳукумат ба ин натиҷа расидааст, ки хатари коруно ба Тоҷикистон воқеъан бузург аст ва барои мубориза бо он бояд тамоми ниҳодҳои давлатӣ бо раҳбаронашон ҷалб карда шаванд. Дар штаби нав танҳо худи раисҷумҳур нест, боқӣ ҳама мансабдорон ҳузур доранд. 

Албатта ин тасмим боиси дастгирист, чун коруно ҷаҳонро ба зону даровардааст ва кишварҳое, ки дар онҷо паҳн гашта, миллиардҳо доллар масраф мекунанд, вале ҳанӯз намедонанд бо ин вирус чӣ гуна бархӯрд кунанд. Кору фаъолият дар кишварҳои ба ин вабо гирифторшуда тақрибан қатъ шуда, мардум дар хонаҳояшон ҳабс шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон истеъдоди гирифтани тасмимҳоеро доранд, ки касе ба дарки он намеравад. Ҳатто худашон. Чун баъди чанд рӯз ё ҳафта маҷбур мешаванд аз он тасмими худ даст кашанд. Мақомот ин истеъдодро ҳам доранд, ки аввал тасмим гиранд ва вақте донистанд, ки хатост, болояш фикр кунанд. Албатта ин ишораи мо ба тасмими таъсиси штаби бузург нест. Ба тасмимҳои дигар аст.

Се ҳафта пеш, қаблтар аз ҳама кишварҳои ҷаҳон, замоне, ки ба ҷуз чанд кишвар хабаре дар кишварҳои дигар аз коруно набуд, мақомоти Тоҷикистон “ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии вируси коруно” дари масоҷидро бастанд. Ин тасмимашон ҳам чандон ҳайратовар набуд. Ҳайратовараш ин аст, ки баъди эътирофи хатари бузурги коруно ва таъсиси штаби фарогири ҷумҳуриявӣ, амр шуд дари масҷидҳо боз шаванд. 

Кумитаи дин гуфтааст дар ин се ҳафта тамоми масҷидҳо зиддиуфунӣ шуданд ва дигар намоз хондан дар онҳо чандон хатарнок нест. Дар ҳоле, ки пурсиши фарогири Паём аз намозгузорони манотиқи зиёди кишвар маълум кард ЯГОН масҷид зиддиуфунӣ нашудааст. Яъне Кумитаи дин ошкоро дурӯғ гуфтааст. 

Тазоди дигар ин аст, ки қабл аз баргузории ҷашни бузурги Наврӯз, штаби фарогир ташкил мешавад. Дар ҳоле, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ва ҳамаи мутахассисон ба ин назаранд, ки муассиртарин роҳи пешгирӣ аз паҳншавии вирус, бастани ҳамаи ҷойҳои ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҷамъшавии одамон дар як макон аст. Мақомоти Тоҷикистон бошанд ду ҳафта аст, ки 11 000 нафарро дар майдоне дар Хуҷанд ҷамъ карда “маршировка” машқ мекунанд. Ва тасмим доранд бо ширкати чандбаробарии дигари мардум ҷашни бузурги Наврӯз баргузор кунанд.

Гузашта аз ин, ба тамоми навоҳии вилояти Суғд амр шудааст, ки барои сайри гулу лола ба Хуҷанд аз сад то 300 нафар намоянда фиристанд. Яъне агар Худое накарда байни он издиҳом як нафар бемор аст, бигзор ба тамоми вилоят паҳн гардад. 

Эмомалӣ Раҳмон, ки агар арзандаи мансабе ҳаст, он мансаб ҷуз раҳбарии ансамбли рақсии “Гулашн” мансаби дигаре наметавонад бошад, бо имзои фармони таъсиси штаб як тасмим аҳмақонаи дигарашро гирифт. Зеро агар Худо накарда ин ҷашнҳо сабаби паҳншавии вирус дар тамоми кишвар шуданд, метавонистанд гӯянд, ки Раҳмон хабар надошт, ҷашнро бе фармони ӯ ташкил карданду баъде ки дарак ёфт ба хотири наранҷонидани мардум онҷо ҳузур пайдо кард ва ғайра. Аммо ҳоло, ки худаш фармони таъсиси штаби фарогирро имзо кард, забони лаганбардоронашро кӯтоҳ кард. Ва зери ин ҳукм, ки сабабгори асосии паҳншавии вирус дар кишвар (агар Худо накарда он паҳн шуд) худаш аст, имзо гузошт. 

Дари масоҷид ҳам мутмаъинан чанд рӯз пас дубора баста хоҳанд шуд. Чун иҷозаи намоз дар онҳо ба он хотир дода шудааст, ки се ҳафта аст мардум суол мекунад чаро ҷамъшавӣ дар масҷид хатарнок будаасту дар наврӯзгоҳ не. Мехоҳанд ин интиқодҳоро барои муддате хомӯш кунанд, то Раҳмон тавонад бо ҳузури дил дар наврӯзгоҳ бирақсад.

Рақси Раҳмон дар ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд (ва ӯ ҳатман рақс хоҳад кард) бо сабабаи дигар ҳам сабти таърих хоҳад шуд — замоне ки тамоми ҷаҳон аз дасти корнуо ва марги 10 000 нафар дар мотам нишастааст, ӯ мерақсад

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular