Давоми 10 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурии Бошқирдистон 408 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ карда шудаанд, ки 78 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Бештари ихроҷшудагон аз ин ҷумҳуриро шаҳвандони Ӯзбакистон ташкил додаанд, ки 223 нафар будаанд. Дар ҷои сеюм шаҳрвандони Озарбойҷон қарор доранд, ки 39 нафари онҳо аз ин ҷумҳурии туркзабони Русия ихроҷ шудаанд.
Ҳамаи ин ихроҷшудагон 5 соли оянда ҳақи вуруд ба Русияро надоранд. Зайниддин Муртазоев, як тоҷири тоҷик, ки маскуни шаҳри Уфа — пойтахти Башқордистон аст, гуфт далели ба маротиб зиёд будани ихроҷшудагони ӯзбак аз ин ҷумҳурӣ ин аст, ки дар сохтмонҳо ва дигар соҳаҳои Башқордистон асосан ӯзбакҳо ба кор машғуланд ва тоҷикон дар ин ҷумҳурӣ назар ба дигар минтақаҳои Русия камтаранд.
Соли гузашта аз Бошқирдистон 588 нафар ихроҷ шуда буданд, ки чизе бештар аз 100 нафари онҳоро тоҷикон ташкил медоданд.