Сафири Тоҷикситон дар Маскав Имомуддин Сатторов гуфтааст мақомоти кишвар тамоми чораҳоро барои ба кишвар бурдани садҳо нафар, ки дар фурӯдгоҳҳои Маскав дармондаанд андешида истодаанд. Гуфтанист, дар се фурӯдгоҳи Маскав беш аз 400 мусофири тоҷик рӯзи панҷум аст(!), ки дар фаршҳои сард хобидаанд.
Рӯзи 19 март мақомот тасмим гирифт тамоми парвозҳо ба хориҷ ва аз хориҷ аз кишварро билофосила қатъ кунад. Бидуни огоҳӣ додан ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон. Айнан дар замоне, ки садҳо муҳоҷир ё дар дохили ҳавопаймо ё дар фурӯдгоҳ қарор доштанд.
Албатта намешавад гуфт ин аҳмақонатарин тасмими мақомот буд, чун аз ин гуна тасмимҳо зиёд гирифтаанд ва шуморашон ҳам гум аст. Аммо мешавад гуфт дар он соатҳо аз ин аҳмақонатар тасмим барои ба гуфтаи худашон “пешгирӣ аз вуруди вирус ба Тоҷикистон” намешуд гирифт.
Арзише қоил набудан ба шаҳрвандон ва ҳуқуқи онҳо аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон як одати ҳамешагӣ ва роиҷ дар икшвар шудааст. Зоҳиран вақте тасмимро мегирифтанду барояшон гуфта шуд чанд ҳавопаймо бояд соатҳои наздик ба ҳаво хезанд ва садҳо муҳоҷир дар фурӯдгоҳанд, посухашон ин буд, ки “ин проблемаи мо нест!”
Бале, ин посухи ҳар мақомдори тоқик ба корафтодагону мардуми оддии кишвар аст, ки онҳоро мехӯронаду мепӯшонад. Аммо фаромӯш карданд, ки ин шаҳрвандон на дар дохили Тоҷикистон, балки хориҷ аз он қарор доранд ва ҳеҷ кишваре муваззаф нест аз шаҳрвандони кишвари дигар муроқабат кунад. Ва фикр накарданд, ки ин мусофирон наметавонанд ба қафо баргарданд, чун сарҳади Русия ҳам баста шудааст.
Фикр кардан аз сифатҳои эшон нест албатта. Аниқтараш фикр мекунанд, аммо на бо калла. Каллаҳои эшон барои таъзим кардан назди пешвояшон сохта шудааст. Барои фикр кардан як органи дигар доранд — бузургтар аз каллаҳояшон.
Инак бо гузашти 5 рӯз, вақте тамоми ҷаҳон хабардор шуд, ки Тоҷикистон садҳо шаҳрвандашро дар фурӯдгоҳҳои Маскаву Истамбул ҳаволаи тақдир кардааст, дар ҳоле, ки кишварҳои дигар барои овардани ҳатто 10 шаҳрвандашон ҳавопаймо мефиристанд, ногаҳон ба фикр афтоданд. Вазифаи фикркунӣ муваққатан ба дӯши каллаҳои холияшон гузошта шуд. Ва фаҳмиданд, ки илоҷе ҷуз овардани ин садҳо нафар дармонда надоранд.
Албатта агар сафир рост гуфт. Сафире, ки як бор нарафт аз ҳоли шаҳрвандонаш хабар гирад ё кӯмаке а эшон намояд. Ба ҷои ӯ фаъолони ҷомеъа мисли Иззат Амон, Каримҷон Ёров, Бахтовар ва дигарон аз ин бечораҳо муроқибат карданд. Ва садҳо ё шояд ҳазорҳо муҳоҷир, ки барояшон ғизову кӯрпа фиристоданд. Ва тарабхонадори рус Ходорковский, ки барои 200 нафар ғизо фиристод.
Ҳарфҳои Сатторовро Азиз Набизода, муовини Оҷонсии авиатсияи гражданӣ ҳам тасдиқ карда, гуфтааст имрӯз 24 март ва фардо 25 март ду тайёра ба Маскав барои овардани мусофирон хоҳанд рафт. Худо кунад, ки раванд. Ва мисли ду рӯз қабл билетҳоро 34-40 ҳазорӣ нафурӯшанд.
Аслан инҳо ҳунари аз мусибати мардум даромад гирифтан доранд ва баъид нест, ки муҳоҷирони бечораро маҷбур ба пардохти қимати чандбаробарии билет кунанд. Чун шиорашон «номард бошу зинда бош» аст.
Аммо мусаллам аст, ки мехоҳанд ё на ҳамаи ҳамаи мусофирони дармондаро бармегардонанд. Кореро, ки метавонистанд 5 рӯз қабл бидуни сару садо ва гирифтани шармандагии навбатӣ ба дӯшашон. анҷом диҳанд. Ҳатман ин парвозҳо анҷом хоҳанд шуд, аммо акнун шармандавор!
Ин мусибати ба сари муҳоҷирономада ва дастгирии ҳазорҳо нафар аз онҳо як чизи дигарро бармало кард: мардум аслан ҳеҷ ниёзе ба ин ҳукумати дузд надорад ва метавонад ҳатто мушкилоти дипломатиашро бе ширкати мақомдорон ҳал кунад. Ваҳдату ҳамбастагие, ки мардуми муҳоҷир бо вуҷуди мушкилоти зиёди худ дар ин чанд рӯз нишон дод, воқеъан қобили дастгирӣ ва ифтихор аст.
Ҳоло танҳо як ваҳдати саросарӣ намерасад. Ваҳдате, ки ин ҳукумати дуздро барои ҳамеша ба зуболадони таърих бияндозад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

