Saturday, May 17, 2025
ads
HomeХабарҳо“Тракторчии самимӣ” Эмомалӣ Раҳмон —асосгузори Роғун

“Тракторчии самимӣ” Эмомалӣ Раҳмон —асосгузори Роғун

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар парлумон аз тракторронии Эмомалӣ Раҳмон таъриф карда гуфт, ки ҳаракоти ӯ зимни тракторронӣ бисёр самимона буданд.

Зимни баррасии қонун “Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат”, ки яке аз бандҳояш “асосгузори Тоҷикистони мустақил” эълон кардани Эмомалӣ Раҳмон аст,  раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро “асосгузори Роғун” хонд ва гуфт, ки ӯ бо истодагарӣ ва дурандешиаш бунёди Роғунро оғоз кард.

Убайдулллоев аз шинохташ аз Эмомалӣ Раҳмони қабл аз иҷлоси 16-уми таърихии Шӯрои Олӣ низ хабар дод ва гуфт, ки ҳамон замон дар ӯ хислати пешвогӣ дида мешуд.

Ба назар мерасад ба унвонҳои беохири раисҷумҳури Тоҷикистон на як, балки дутои дигар ҳамроҳ хоҳанд шуд: “Асосгузори Тоҷикитсони мустақил” ва “Асосгузори Роғун”. Ва минбаъд вақте дар расонаҳои давлатӣ дар бораи раисҷумҳури Тоҷикистон сухан рафт, чунин оғоз хоҳад шуд:

“Асосгузори сулҳу ваҳдат — Пешвои миллат, Асосгузори Тоҷикистони мустақил, Асосгузори Роғун, сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ, раисҷумҳури Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз…”

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика