Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар ИМА аз абзори озмоишие, ки дар 5 дақиқа коруноро шиносоӣ мекунад,...

Дар ИМА аз абзори озмоишие, ки дар 5 дақиқа коруноро шиносоӣ мекунад, кор гирифта мешавад

Як ширкати амрикоӣ мегӯяд, Идораи Ғизо ва Доруворӣ ба онҳо иҷоза додааст, як абзори озмоиширо, ки бемории КОВИД-19-ро дар камтар аз 5 дақиқа маълум мекунад, мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳанд. Ширкати “Озмоишгоҳҳои Аббот” рӯзи 27-уми март бо нашри як баёния гуфт, ки иҷоза барои истифодаи абзор истисноӣ аст, ба ин маънӣ, ки бо назардошти ҳолати фавқуллода метавонанд, онро истифода баранд.

Дар акси ҳол, барои иҷоза гирифтан абзори нави озмоишӣ бояд чанд марҳилаи дигари тафтишу тасдиқро бигзарад. Дар баёния омадааст, ки “Аббот аз ҳафтаи оянда абзори ташхисии ID NOW COVID-19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва интизор дорад, дар як рӯз то 50 ҳазор дона истеҳсол кунанд.”

Абзори нав баробари як қуттии хурд аст, ки имкон медиҳад, таҳқиқи вирус зуд анҷом шавад. Айни замон барои маълум кардани коронавирус дар вуҷуди инсон аз 4 то 8 соат зарур аст. Аз ин пештар мақомоти Амрикоро танқид кардаанд, ки барои озмоиши беморон абзор ва васоили кофии ташхис надоранд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular