Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТОҶВИРУС (гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

ТОҶВИРУС (гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

Салом, Шарипович!

Ҳангоме дунё дар ғами аз байн бурдани коронавирус аст, ту дар гами аз даст надодани корона ҳастӣ. Бале, коронае, ки тарҷумааш тоҷ аст. Қудрат, тоҷ, шоҳигариро хеле дӯст медорӣ. Ва ин тоҷвирус туро ҳоло аз аввали солҳои 2000-ум сироят карда буд, пас аз он ки тақрибан ҳама қумондонҳои саҳроии бо мили автоматашон ба сари қудрат овардаатро аз миён бурдиву “қомататро рост кардӣ”. Чунки акнун дигар касе ба кабинетат даромада туро мисли як хӯса дашному шапалоқшап намекард, Ҳасанро мавриди мазоҳу масхара қарор намедод. Ва гумон кардӣ, ки чаро бояд шоҳ набошӣ? Оҳиста-оҳиста ҳама ричагҳои қудратро ба дасти худ гирифтиву акнун мансабдоронро якта-якта худат (ё Нуриддину Ҳасан) таъин мекардагӣ шудӣ. Анекдоти “бра, кастуму галастук пуш биё, ай пагаҳ ту раиси фалон ноҳия” аз ҳамон давра пайдо шуд. Мулк ҳам акнун миёни авлодат тақсим шудан гирифт. Чем не шоҳ? Ва акнун мехоҳӣ аз як хуса шоҳ бисозиву ӯро бо қарорҳои липовий ҳифз кунӣ. Чи хеле худат бо забони кучавиат иброз медорӣ “властро сварка” кардӣ. 

Тебе, конечно же не до короновируса! Имсол соли ҷонбароият. Аз як тараф фишори ҷомеаи байналмилалӣ, ки аз рӯи ҳама нишондодҳои пешрафт фаъолиятатро дар ҷои охир мегузорад. Ва, албатта, он халқи бечораи тоҷик нест, ки тариқи телевизионҳои мағзшӯят бовараш кунониву Рустамро ҷойгузини худ созӣ. Аз тарафи дигар норозигии афзоянда миёни тарафдорони собиқат, ки фиребашон додаву ҳукуматро тамоман “худӣ” карда истодаӣ. Батамом решакан кардани “чёрний кардинал” Убайдуллоев ва ба “нафақа” равон кардани ӯ низ дарди сарат кардааст. Аз тарафи сеюм боз ин Кабирии “террорист”, ки дар Аврупо фаъолияти сиёсиашро густурдаву роҳат нишон медиҳад, ки бо коронавирус чи гуна муносибат кунӣ. Боз ин қарори Комиссияи Ҳуқуқи Инсони СММ-ро, ки решенияи ҳама судҳоятро нисбати фаъолони наҳзат худсарона эълон кард, намегӯӣ? Мефаҳмам, ки аз фикра сарат дам кардааст. Аз ин азоба ба нафақа мебаромадиву хурда мегаштӣ, осонтарат набуд? Кстати, нафақабароӣ ба ту дахл надорад-е. Мегум, як рӯз бо ҳамчун отаҳамтои курсибеморат дар кабинет болои креслода…? Хайр он тарафашро нагӯям. Вақте дар уровни фаҳмиши ту менависам, ростӣ, ғашам меояд. Вале, чи кунам, ки нома барои туст ва мехоҳам худат ҳарфҳоро ҷанг андохта хонӣ.

Вақте коронавируси воқеӣ аз аввали соли 2020 дунёро ба ларза овард, ягон ҷои ту наларзид. Ҳушат бо нақшаҳои шахсиву авлодиат банд буд. Ҳама давлатҳои соҳибдор шаҳрвандонашонро бо мақсади таъмини бехатариашон аз Хитой бароварданд. Ту бошӣ, парвози самолётҳоятро зуд қатъ кардиву гуфтӣ: “Дар ҷоятон истед, Хитой давлати зур аст. Худаш ягон илоҷ мекунад!”. Ин гапро замоне гуфтӣ, ки худи Хитой дар таҳлука буду намедонист минбаъд чӣ мешавад. Ва хориву бесоҳибии мардуматро бори дигар нишон додӣ. Ин ҷо чанд реаксияи бешарафонаатро дар ҳолати фавқулодда нисбати мардуми сарсахтат барои мисол меорам: 

1. Вақте як гурӯҳи донишҷӯёни ба таҳлука афтода бо пули қимат билет харидаву аз Хитой баромаданӣ шуданд, самолёти Россия шаҳрвандони худро дар навбати аввал наҷот доду тоҷикҳоро ба парвоз роҳ надод. Донишҷӯёни бечораи дар аэропорти Хитой саргардон доду вой карда гаштанд, ки аққалан пуламонро баргардонед. Туро парвое набуд.

2. Вақте шаҳрвандони тоҷик бо як азоб ба ватани бесардорашон баргаштанд, онҳоро “карантин” гуфта, дар шароити ғайриинсонӣ ҷой кардӣ. Бе ҳоҷатхонаву оби тоза, бе гармӣ. Ба монанди ҳабсхонаҳоят. Боз доду вои шаҳрвандонатро баровардӣ.

3. Имрӯзҳо даҳҳо шаҳрвандони саргардонат дар аэропорти Жуковои Маскав бо умеди баргаштан ба хонаҳояшон мунтазиранд. Як ҳафта боз гушнаву ташна интизори кӯмак нишастаанд. Боз турову Ҳасанро парвое нест. Боз ҳам ҳамон муҳоҷирони меҳнатие, ки чун гови ҷӯшоӣ пулашонро макида мегирӣ, ба кӯмаки ҳамватанони худ омада нонашон меоранд. Тасаввур кун, ки агар он ҷо Рустаму Озодаи серу фарбеҳи ту дар скамейкаҳои неудобнии аэропорт се шабу рӯз азоб мекашиданд. Албатта ки не! Инҳо шоҳзодаанд ва халқи бечора ғуломашон… Ҳайфи ту!

Хафа мешавӣ, агар бигӯям, ки беморӣ. Ин рафтори туро дар асри 21 боз чи гуна баҳо додан мумкин аст? Магар роҳбари як кишваре бо нӯҳ миллион аҳолӣ метавонад чунин саҳлангор бошад? Магар коронавирус бачаи холаат асту бо ӯ маслиҳат кардаӣ, ки халқатро сироят накунад? Ё сарҳадҳои мустаҳкаму мутахассисони бо ҳама таҷҳизоти ҳозиразамон таъмине дорӣ, ки “балогардон”-ат мешаванд? Коре ки сарҳадбононат дар сарҳад мекунанд, ин аст: “Ҳа, братишка, вирус-пирус надорӣ? Хай бзгар!”. Ана дараҷаву фарҳанги давлатдориат! Вақте ин вируси даҳшатовар Амрико барин давлати абарқудратро ба ларза оварда бошад, магар Тоҷикистон истисно буда метавонад? Ё ту пешвои аъзамиву вирус аз ту метарсида бошад? Хайр, худо ба халқи бечораи тоҷик раҳм кунад бо чунин роҳбари миллиардери назарбаландаш. Ягона паногоҳи мардум ватан аст ва рӯзи мушкилӣ ба он рӯ меоварад. Вале ту ин ватан-модарро барои мардумат ватан-моиндар кардаи. Гӯё Тоҷикистон танҳо аз туву авлодат бошад.

Наранҷӣ додар, агар бигӯям, ки ту девонаи ба кори худ ҳушёрӣ. Охир ин амалҳои дар давраи коронавирус кардаат ба чунин хулосаам меоранд: 

1. Вақте корнавирус ҳоло танҳо дар Хитой зуҳур карда буд, зуд “зиракии сиёси”-атро ба кор андохта, масчидҳои панҷвақтаи мардумро бо баҳонаи “дору” кардан басти, гӯё танҳо ҳамон намозхонҳои доим бо пои таҳорат, вируспаҳнкунанда бошанд. Вале дар ин давра ҳама мактабҳову донишгоҳҳову бозорҳову стадионҳои пур-пури донишҷӯятро кушода мондӣ.

2. Вақте вирус ба сарҳадҳоят аз чор тараф наздик омад, якбора масчидҳоро ба муносибати Наврӯз кушодиву дар Хуҷанд барои худату Рустам ҷашни бошукӯҳ, не, аниқтараш, маъракаи пешазинтихоботӣ гузарондӣ. Зеро он ҷо ҳамагӣ ба ҷои шоҳ Ҷамшед шоҳ Ҷамшудро (яъне туро) ситоиш мекарданду халос. Гӯё Наврӯзро ту ид эълон карда бошӣ.  

Ин рафторатро чӣ гуна шарҳ медиҳӣ? Албатта, мефаҳмам, ки ин маъракаи Наврӯзӣ бароят имкони хуби ташвиқотӣ буд. Имрӯз, дар соли интихоботҳо ҳама “медонанд”, ки миёни нӯҳ миллион аҳолии полоумнии (камакли) Тоҷикистон танҳо туву Озодаву Рустам кандидатҳои “арзанда”-ед. Охир мардумро бо рӯзи камбағалонаи худашон мону ба хатар телаашон накун! Худо нигоҳ дораду вирус яку якбора паҳн шавад, туву авлодат бо вертолётҳои шахсиатон ба ҷазираҳои Виргиния назди пулҳоятон гурехта меравед. Ин халқи бечора чи кор мекунад?             

Майлаш, ки бо тоҷвирус гирифториву ҳамон тоҷ аз они туву авлодат. Лекин Мушфиқӣ шудаву накунӣ, ки  “тоҷ аз ману тоҷвирус аз шумо” бигӯи яке. Беҳтараш бигӯ, вақте шоҳ мешавӣ боз номатро иваз мекунӣ? Охир дар аҳди ту ному насаб ва миллативазкунӣ хеле муд шудааст.

То сӯҳбати навбатӣ. Парвардигор мардуми Тоҷикистонро аз коронавирус нигоҳ дорад!       

Бо эҳтиром

Исломиддин Садиров,

нафақахӯр, ветерани меҳнат   

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular