Thursday, June 19, 2025
ads
HomeХабарҳоҲНИТ аз ҷомеаи маданӣ ташаккур мекунад

ҲНИТ аз ҷомеаи маданӣ ташаккур мекунад

Сухангуи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон ,дар саҳифаи фесбукй худ аз ҷомеъаи мадани барои мавқеъгири ахири онҳо ва ҳимоячташон аз зиндониёни сиёси изҳори сипос кардааст . матни изҳори сипоси сухангуи ҲНИТ, ҷаноби  Маҳмудҷон Файзраҳмонов ро дар зер мегузорем .

ҲНИТ аз ҷомеаи маданӣ ташаккур мекунад

Ахиран як идда аз созмонҳои байналмиллалӣ оид ба дифоъ аз ҳуқуқи башар, инчунин, созмонҳо ва шахсиятҳои ватанӣ ба намояндагӣ аз ҷомеаи мадании кившар нигаронии худро дар бораи идомаи таъқибу фишор ва ҳолатҳои шиканҷаву фавти маҳбусони сиёсии кившар, аз ҷумла, маҳбусини ҲНИТ изҳор намуданд.

Онҳо таъкид намуданд, ки доштани андеша, фикр, дин, либос ва рангу пусти хос набояд боиси он гардад, ки бо инсонҳо муносибати духура сурат бигирад. Ҳолате, ки мутаъассифона, имрӯзҳо ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам ватанӣ мушоҳида менамоем. Инсонҳо, созмонҳо ва доираҳое вуҷуд доранд, танҳо дарду мушкилоти ҳамдин, ҳамватан ва ҳамфикру ҳамақидаашон онҳоро нигарон месозад ва нисбати дарду машаққатҳои дигарон ба хотири ихтилофи сиёсӣ, динӣ ё фарҳангӣ бетарафӣ мекунанд ва ҳатто, ҳолатҳои помолшавии ҳуқуқи башарро сафед менамоянд.

Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ вазифаи худ медонад, ки ба созмонҳои байналмилаливу ватанӣ, шахсиятҳо ва намояндагони ҷомеаи ватании кившар миннатдории худро барои ҳамдилӣ ва мавқеъи шаҳрвандии шоиста баён кунад.

Ин мавқеъгирии инсондустона нишон дод, ки новобаста аз фарқиятҳо, ихтилофҳо ва ҳатто зиддиятҳо, миллат метавонад атрофи арзишҳои муштарак, мисли озодӣ, каромати инсонӣ ва ҳуқуқи башар иттифоқи назар дошта бошад ва золиму мазлумро ба худиву бегона тақсим накунад.

Инчунин, Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ аз мавқеъи бархе расонаҳо ва соҳибфикрони ватанӣ, ки бо вуҷуди шароити хафақони сиёсии кишвар дар лаҳзаҳои ҳассос қарзи инсонӣ ва касбии худро дар масъалаи таҳлил ва хабаррасони холисона анҷом медиҳанд, қадрдонӣ карда, онро шоистаи таҳсин медонад.

Дар сурате, ки баъзе расонаҳои хориҷии тоҷикзабон бо мавқеъҳо ва пушишдиҳии яктарафа, муғризона ва ҳадафмандона на танҳо асли бетарафиро риоят намекунанд, балки имконоти васеъи иттилоъотиро дар ихтиёри як гурӯҳ барои фазосозии ҳадафмандона алайҳи қишрҳои дигари ҷомеа гузоштаанд.

Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ
22.08.2016

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?