Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоГуфтугӯи Абубакри Боқиллонӣ бо императори Рум (қиссаи таърихӣ)

Гуфтугӯи Абубакри Боқиллонӣ бо императори Рум (қиссаи таърихӣ)

Абубакри Боқиллонӣ яке аз олимони барҷастаи замони худ бо суханвариву зиракиаш машҳур шуда буд. Дар соли 371 ҳиҷрӣ подшоҳи Ироқ уро ҳамчун намояндаи шахсии худ ихтиёр намуда барои баҳсу мунозараи насрониҳои Румӣ ба Константиния (ҳозира шаҳри Истамбули Туркия) мефиристад.
Хабари омадани ӯ зуд ба подшоҳи Рум мерасад. Подшоҳи Рум чун медонист, ки мусалмонон дар назди касе сар хам намекунанд, ба зердастони худ супориш медиҳад, ки дари даромадгоҳи хонае,  ки дар он менишинад, паст бикунанд, то ки Абубакри Боқиллонӣ маҷбур шуда сари хам ҳамчун дар ҳолати рукуъ ба назди подшоҳ дарояд, ва зиллату хории худро дар назди ӯ ва зердастонаш нишон бидиҳад.
Вақте  Абубакри Боқиллонӣ ба назди даромадгоҳи хонаи подшоҳ меояд, зуд ин ҳилларо дарк мекунад ва бо сари хам неву балки пушти худро гардонида бо қафо роҳ гашта дохили хона мешавад. Подшоҳи Рум ин ҳолатро дида дарк мекунад, ки ба назди у як шахси бисёр зираку доноро фиристодаанд.
Абубакри Боқиллонӣ баъди дохил шудан бар онҳо дуруд гуфта салом намедиҳад. (чунки мувофиқи ҳадиси паёмбар, мусалмон ҳангоми салом додан бо аҳли китоб аввал шуда салом намедиҳад)
Баъд аз он Абубакри Боқиллонӣ ба суйи сардори роҳибон руй оварда мегуяд : Ҳоли шумо чи тавр аст  ва ҳоли аҳлу фарзандони шумо чи тавр аст?
Подшоҳи Рум ба ғазаб омада мегуяд: Оё ту намедонӣ, ки роҳибони мо зан намегиранд ва фарзандор намешаванд?
Абубакри Боқиллонӣ мегуяд: Аллоҳу Акбар! Шумо роҳибонатонро аз зану фарзанд пок медонеду худоятонро туҳмат бар он мекунед, ки бо Марям издивоҷ намуду Исо таваллуд шуд?
Ғазаби Подшоҳи Рум зиёдтар шуда мегуяд: Аз он коре, ки Оиша кардааст чи мегуӣ?
Абубакри Боқиллонӣ мегуяд: Агар Оиша (разияллоҳу анҳа) туҳмат карда шуда бошад, (модарамон Оишаро мунофиқон туҳмат кардаанд) аммо дар навбати худ Марям низ туҳмат карда шудааст,  (Марямро яҳудиҳо туҳмат кардаанд) дар ҳоле, ки ҳардуяшон покдоман буданд. Вале Оиша шавҳар карду фарзандор нашуд аммо Марям бе шавҳар соҳиби фарзанд шуд. Ҳаргиз ҳардуи онҳо чунин накардаанд (Худованд аз ҳардуяшон розӣ бод ) пас кадоме аз ин ду ба ин туҳмати ботил авлотар аст.
Подшоҳ аз суханронии ӯ девона шуда гуфт : Оё паёмбари шумо ҷанг карда буд?
Абубакри Боқиллонӣ гуфт: Бале
Подшоҳ гуфт: Оё дар сафи пеш истода ҷанг мекард?
Абубакри Боқиллонӣ гуфт : Бале
Подшоҳ гуфт: Оё ғалаба мекард?
Абубакри Боқиллонӣ гуфт : Бале
Подшоҳ гуфт: Оё шикаст мехурд?
Абубакри Боқиллонӣ гуфт : Бале
Подшоҳ гуфт: Аҷиб, паёмбар будаасту боз шикаст мехурдааст?
Абубакри Боқиллонӣ гуфт : Оё Исо (алайҳи-с-салом) Худо будасту ба салиб кашида мешудааст?
Подшоҳ аз ин суханронии Абубакри Боқиллонӣ ба даҳшат омада чизе гуфта натавонист…
(Торихи Бағдод, муаллифаш Хатиби Бағдодӣ , ҷилди 5 саҳифаи 379)

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика