Як сокини ноҳияи Нуробод, ки Тӯйчӣ Эшонов ном дорад, аз ҷониби додгоҳи ин ноҳия ба ҷарима кашида шуд ва муваззаф гардид, ки ба хазинаи давлат 4000 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт намояд.
Ин бошандаи Нуробод ба ифтихори аз ҳаҷ баргаштани падари худ Бегмаҳмад Эшонов хони зиёфат оростааст, ки онро дар байни мардум “ҳоҷиошӣ” меноманд. Тӯйчӣ баъд аз он, ки падараш аз зиёрати Хонаи Худо баргашт, ба як деги калон шӯрбо омода сохтаву пайвандону ҳамдеҳагонро зиёфат додааст.
Ба ишораи додгоҳи ноҳия муҷрим барои тақрибан 150- 200 нафар хӯрок пухтааст. Дар ҳукмнома омадааст: “Инчунин дар ду ҳуҷра дастархон ороста, дар гирди онҳо тақрибан 15-20 нафарӣ машғули тановули хӯрок будаанд.”
Додгоҳи ноҳияи Нуробод гуфтааст, ки шаҳрванд Тӯйчи Эшонов талаботи моддаи 12- и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дағалона вайрон намуда ва барҳақ муҷозот гардид. Аммо аҷоиботи кор дар он аст, ки додгоҳи Нуробод дар хонаи Эшонов ҳузури 150- 200 нафарро таъкид намекунад, аммо шумораи ин миқдор меҳмононро аз хӯроке, ки дар дег будааст, собит сохтааст.