Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФиқҳуссира: Нигориши таърихи паёмбарӣ чӣ гуна оғоз ёфт ва минбаъд татаввур намуд?

Фиқҳуссира: Нигориши таърихи паёмбарӣ чӣ гуна оғоз ёфт ва минбаъд татаввур намуд?

 Нигориши таърихи паёмбарӣ, аз рӯйи тартиби таърихӣ, нисбат ба нигориши ҳадиси набавӣ, дар зинаи баъдӣ қарор дорад. Бидуни шак ҷамъоварии суннат, яъне ҳадиси набавӣ, аз нигориши таърихи паёмбарӣ, дар умум пештар буд. Зеро, тавре маълум аст, ҷамъоварии ҳадис ҳанӯз дар замони рӯзгори Паёмбар (с) бо иҷозат, балки бо амри эшон оғоз шуда буд. Ҳамон вақт Паёмбар (с) аз он осуда шуданд, ки асҳоб дигар фарқи бузург миёни услуби эъҷозовари Қуръон ва услуби балеғи ҳадисро ба хубӣ дарк карданд ва акнун ба ғалатфаҳмие ва омезиши маънӣ миёни онҳо дучор намешаванд.

Вале нигориши рӯзгори Паёмбар (с) ва ғазавоташон ба шакли умум дертар аз оғози ҷамъоварии ҳадис будааст. Агарчи (аз оғоз) саҳобагон ба нақли таърих ва ғазавоти Он ҳазрат (с) ба таври даҳонӣ эҳтимом доштанд.

Шояд нахустин шахсе, ки ба нигориши таърихи паёмбарӣ ба таври умум эҳтимом зоҳир намуд, Урва ибни Зубайр (с.в.92 ҳ.) буд. Сипас, Аббон ибни Усмон (с.в.105 ҳ.), Ваҳб ибни Мунаббиҳ (с.в. 110 ҳ.), Шураҳбил ибни Саъд (с.в. 123 ҳ.), Ибни Шиҳоби Зуҳрӣ (с.в. 124 ҳ.).

Бешак, ин нафарон дар саргаҳи донишмандоне қарор доранд, ки ба нигориши таърихи паёмбарӣ эҳтимом варзидаанд. Чуноне ки нигоштаҳои эшон натанҳо нахустсамараи ин амали бузурги илмӣ ҳисобида мешавад, балки он чунон ки гуфта шуд, гоми аввалин буд ба сӯйи нигориши таърихи умумӣ ва эҳтимом ба он. Ин ҳама новобаста аз он ки бештари рӯйдодҳои таърихи паёмбарӣ дар китоби Худо ва китобҳои ҳадис, ки хоссатан ба қонунгузорӣ тааллуқ дорад, зикри худро ёфтаанд.

Аммо ҳама он чӣ ин нафарон аз таърихи паёмбарӣ нигошта буданд, бо мурури замон талаф ёфта нобуд шудааст ва то мо чизе аз он нарасидааст. Чизе, ки аз он боқӣ монда, ба таври пароканда дар ривоятҳои Имом Табарӣ омадааст. Мегӯянд, ки қисмати дигаре аз он, ки ҷузъе аз нигоштаҳои Ваҳб ибни Мунаббиҳ аст, дар осорхонаи шаҳри Ҳолдерберги Олмон нигаҳдорӣ мешавад.

Вале дар зинаи баъди онҳо нафароне омаданд, ки тамоми нигоштаи ононро барчиданд ва бештари онро дар таълифоти худашон, ки шукри Худо то замони мо расидааст, ҷой карданд. Дар саргаҳи ин зина таърихнигорон Муҳаммад ибни Исҳоқ (с.в. 152 ҳ.) қарор дошт, ки ба иттифоқи муҳаққиқон, нигоштаҳои ӯ аз мӯътамадтарин чизҳое мебошад, ки доир ба таърихи паёмбарӣ дар он замон навишта шуда буд1. Агарчи китоби ӯ бо номи “ал-Мағозий” айнан, то мо нарасидааст, вале Муҳаммад ибни Абдулмалик, маъруф бо номи Ибни Ҳишом, ки баъд аз ӯ омада, китоби мазбурро ба таври мураттабу дуруст нақл кардааст. Бояд тазаккур дод, ки ин китоб замоне аз Ибни Исҳоқ дубора нақл карда шуд, ки ҳанӯз аз таълифи он панҷоҳ сол нагузашта буд.

Ибни Халликон дар ин хусус чунин мегӯяд: “Ибни Ҳишом ҳамон касе аст, ки таърихи Паёмбар (с)-ро аз “ал-Мағозий ва-с-сийар”-и Ибни Исҳоқ гирдоварӣ намуда, ба таҳзиб оварда, мухтасар кардааст. Ин ҳамон таърихест, ки ҳоло ба дасти мардум асту бо номи “Сирату Ибни Ҳишом” маъруф мебошад”2.

Ба ҳар ҳол, сарчашмаҳои таърихи паёмбарӣ, ки дигар таърихнигорон сарфи назар аз ихтилофи табақаҳояшон ба он такя кардаанд, маҳсур ба номгӯйи зеранд:

1.     Китоби Худо. Зеро Қуръон новобаста аз услуби махсуси худ дар баёни таърихи Паёмбар (с) дар шинохти рӯзгори эшон ба таври умум ва иттилоъ ёфтан аз марҳилаҳои таърихи муборакашон ба шакли мухтасар манбаи мӯътамади аввал ба шумор меравад.

2.     Китобҳои ҳадиси набавӣ. Ин ҳамон китобҳое мебошанд, ки аз тарафи пешвоёни илми ҳадис, ки бо садоқату амонатдории хеш маъруф шудаанд, нигошта шудаанд. Мисли китобҳои шашгона, “Муваттаъ”и Имом Молик, “Муснад”и Имом Аҳмад ва ғайра. Агарчи дар ин китобҳо ба гуфтору кирдори Он ҳазрат (с) на ҳамчу таърихе, ки бояд нигошта шавад, балки чун сарчашмаи қонунгузорӣ таваҷҷӯҳ шудааст. Аз ин лиҳоз, ҳадиси бештари ин китобҳо аз рӯйи бобҳои фиқҳӣ тартибгузорӣ шуда, дар бархе аз он ҳадисҳо тибқи номи саҳобагоне, ки ин ҳадисҳоро ривоят кардаанд, ҷобаҷогузорӣ шудааст. Вале дар ҳеҷ яке аз онҳо силсилаи замонии ҳодисаҳо риоя нашудааст.

3.     Ровиёне, ки ба таърихи Паёмбар (с) ва рӯзгори эшон эҳтимом варзидаанд. Бешак миёни саҳобагон кам набуданд касоне, ки ба ин кор аҳамият медоданд. Балки ҳар нафаре, ки агар боре бо Он ҳазрат (с) шарафи сӯҳбат ёфта буд, ҳатман, онро ба саҳобагони дигар ва нафарони баъдина нақл карда медод. Аммо дар оғоз касе ба гирдоварии ин гуна таърих ва нигоштани он аҳамияте зоҳир намекард. Мехоҳам ин ҷо ба фарқи навиштану қайд кардан ва нигоштану таълиф намудан таваҷҷӯҳи хонандаро ҷалб намоям. Якумӣ (навиштану қайд кардан) ҳанӯз дар замони зиндагии Паёмбар (с) он чунон ки дар боло зикр гардид, нисбат ба ҳадис вуҷуд дошт. Вале дуюмӣ (нигоштану таълиф намудан) бошад, манзур аз он гирдоварӣ ва зимни дафтаре нигаҳдорӣ намудан аст, ки баъдан вақте ба он эҳтиёҷ пайдо шуд, тақдим кардан аст.

1انظر ما كتبه ابن سيد الناس في مقدمة كتابه عيون الأثر عن ابن إسحاق وترجمته

2وفيات الأعيان: 1/ 290 الطبعة الميمنية

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular