Пирамарди 70 сола, ки ваъда карда буд дар сурати пирӯзӣ рақибаш Ҳиллари Клинтонро зиндонӣ хоҳад кард, раисҷумҳури 45-уми Иёлоти муттаҳидаи Амрико баргузида шуд.
Трамп аз 270 раъйи лозима барои пирӯзӣ 276 раъй касб кард ва ба назар хонум Клинтонро, ки 69 сол дорад барои абад ба истеъфо аз сиёсат гусел кард.
Қаблан тамоми таҳлилгарон ва назарсанҷиҳо ба ин назар буданд, ки Клинтон шонси пирӯзии 80-90 дарсадӣ дорад, вале бо оғози интихобот назари коршиносон рӯ ба тағйиркунӣ ниҳод ва чанд соат қабл аз анҷоми интихобот шонси Ҳиллари Клинтон то 40 дарсад поин бурда шуд.
Баробари оғози пешравии Трамп дар интихобот, пули милии Мексика — песо бо шиддат рӯ ба таназзул ниҳод ва ҳанӯз 4 соат қабд аз эълони натиҷаи интихобот 10 дарсади арзишашро аз даст дод. Трамп эълон карда буд, ки дар сурати пирӯзи муҳоҷирони кории мексикоиро аз кишвараш хоҳадронд ва байни ду кишварро девор хоҳад кард.
Ҳамчунин дар ҳамин марҳала сомонаи муҳоҷирати Канада он қадар бинанда пайдо кард, ки ворид шудан ба он ғайриимкон гардид. Трамп ҳамчунин даъво дошт бояд мусалмонон ба ИМА роҳ дода нашаванд.
Қимати тилло дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳам баробари оғози пешравии Трамп рӯ ба афзоиш ниҳод ва танҳо дар як соати наздикшавии Трамп ба пирӯзӣ 5 дарсад афзоиш ёфт.
Нархи нафт 3 дарсад қиматашро аз даст дод ва аз паи он қурби рубли русӣ ҳам рӯ ба поён овард дар оғози савдои биржаи Маскав 34 копеек камтар шуд. Таҳлилгарон тахмин мезананд, ки қурби рубл то 67 рубл ба як доллра поён хоҳад рафт.
Ҳамаи биржаҳои ҷаҳонӣ рӯ ба поён ниҳоданд, ки аз ҷумла саҳмияи биржаи ҷопонии Nikkei 5,4 дарсад танззул кард.