Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳоТаслияти Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ бинобар даргузашти Махсуми Соҳибназар

Таслияти Шӯрои Иҷроияи ҲНИТ бинобар даргузашти Махсуми Соҳибназар

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун

Шӯрои Иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз хабари даргузашти Имомов Соҳибназар (маъруф ба махсуми Соҳибназар), корманди Бахши табъу нашри ҲНИТ, андуҳгин ва ғамгин аст.

Махсуми Соҳибназар (66 сола ва истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ) як инсони наҷиб, хоксор ва адолатпеша буд, ки бо вуҷуди синни пирӣ ва фишорҳои мақомот дар Бахши табъу нашри ҳизб дар дафтари марказӣ воқеъ дар кучаи Борбади Душанбе кори худро то мамнуъияти ҳизб идома дод.

Шӯрои Иҷрояи ҲНИТ ин мусибати дарднокро хидмати хонаводаи ӯ ва тамоми аъзову ҷонибдорони ҳизб таслият гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол барои марҳум орзуи мағфирату омурзиш ва барои бастагонаш сабру шикебоӣ хоҳон аст.

Рӯҳаш шоду ёдаш гиромӣ бод.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика