Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетКӯмакҳои дарёфткардаи Тоҷикистон куҷо мераванд?

Кӯмакҳои дарёфткардаи Тоҷикистон куҷо мераванд?

Дар Қирғизистон сойте роҳандозӣ карданд, ки ҳар корбаре метавонад тавассути он масрафҳои мақомот барои мубориза бо вируси коруноро пайгирӣ кунад. Се ниҳоде, ки дастрасӣ ба ин маблағҳо доранд, тамоми маълумотро дар он нашр мекунанд

Вазорати меҳнат ва рушди иҷтимоӣ, Вазорати тандурустӣ ва шаҳрдории Бишкек дар бораи ҳаҷми маблағҳои дарёфтшуда ва ҳаҷму самти масрафи онҳо гузориш ироа мекунанд. Ҳар корбар метавонад дар ин сайт маълумот дар бораи ин ки чӣ қадар маблағ ба суратҳисобҳо барои мубориза бо коруно ворид шуд, ба куҷо масраф гашт. Ҳамчунин дар бораи кӯмакҳои хайриявии дарёфтшуда ма масрафи онҳо мешавад маълумот гирифт. Дар сойт ҳамчунин формаи махсус барои шаҳрвандоне, ки мехоҳанд хайр кунанд ва шаҳрвандоне, ки ниёз ба кӯмак доранд, гузошта шудааст. 

То субҳи имрӯз, 16 апрел Вазорати тандурустии Қирғизистон 125,4 миллион сом ($1,6 млн) дарёфт карда, 6,5 миллион сом ($82,4 ҳазор) масраф кардааст. Вазорати меҳнат бошад 13,7 миллиона сом ($173,6 тыс.) гирифта, 4,3 миллион сом ($54,4 ҳаз.) ва шаҳрдории Бишкека 3,2 миллиона сом ($40,5 ҳаз.) дарёфт ва 2,5 миллион сом ($31,7 ҳаз.) масраф кардаанд. Бо пахши тугмаи “ҷузъиёт” мешавад дид, ки масалан Вазорати тандурустӣ дар як шабонарӯзи ахир чанд бор барои пардохти ҷуброн ба табибон маблағ ҷудо кардааст ва ба шумори зиёде аз шахсони воқеъӣ аз 1 то 31 ҳазор сом ($12-393) ирол намудааст.

Дар бахши “маблағҳои воридшуда” метавон маълумот дар бораи кӯмакҳои башардӯстонаро пайдо кард. Зоҳиран номи ширкату нафарони кӯмаккарда дар ҳамон шакле, ки худашон хостаанд нашр мешавад. 

Дар ҳамин ҳол бо вуҷуди расидани кӯмакҳои зиёди башардӯстона ва қарзу грантҳо ба Тоҷикистон барои мубориза бо вируси коруно, мақомот то ҳол барои камтарин маблағе ҳам ҳисобот ироа накардаанд ва маълум нест он маблағҳо ба куҷо масраф мешаванд. Маълумотҳое дар бораи фурӯхта шудани кӯмакҳои башардӯстона низ нашр мешаванд.

Яке аз аввалинҳо шуда барои мубориза бо коруно Олмон ба Тоҷикистон як миллион евро кӯмак кард. Вале хабаре аз ба куҷо равона шудани онҳо нашр нашуд. Дар ҳоле, ки хабарҳое мисли аз ҳисоби мардум нигоҳдорӣ шудани карантиншудаҳо расонаӣ шуданд. 

Баъдан Бонки Осиёии Рушд беш аз 100 ҳазор доллар кӯмак кард. 

Иттиҳодияи Аврупо 48 миллион евро кӯмак ва 30 миллион евро қарз медиҳад.

Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмиллалии асъор изҳори омодагӣ барои расонидани кӯмаку қарз кардаанд.

Ӯзбекистон 18 вагон шомили орду равған ва лавозимоти тиббӣ барои мубориза бо коруно ирсол кард.

Чин ҳам либоси махсуси тиббӣ, ҳароратсанҷу ниқоб, дастгоҳи нафаси сунъӣ ва ғайра кӯмак намуд.

Русия тест ва дигар лавозимоти тиббӣ фиристод.

Созмони амрикоии USAID ҳам барои табибон либосҳои махсус ва дигар лавозимоти тиббӣ кӯмак кард.

Қазоқистон 5000 тон ё 100 ҳазор халта орд ба Тоҷикистон ирсол кард.

Аммо то ҳол ҳукумати Тоҷикистон барои як халта орди Қазоқистон ё Ӯзбекистон ҳисобот надодааст ва маълум нест 18 вагон кӯмаки Ӯзбекситон куҷо шуданд ва ба киҳо расиданд. 

Ҳарчанд мақомоти Қазоқистон аз ирсоли 5000 тон орд хабар доданд мақомоти тоҷики ҳеҷ маълумоти дар ин бора ба ҷомеъа ироа накарданд.

Ин танҳо қисмате аз кӯмакҳое расида ба Тоҷиикстон буданд, ки расонаӣ шуданд. Кӯмакҳое ҳам вуҷуд доранд, ки расонаӣ нашудаанд ва ҷомеъа аз онҳо хабар надорад. 

Ягона хабаре, ки дар бораи кӯмакҳои расида дастраси расонаҳо ва мардум шудааст, фурӯши маҷбурии либосҳои махсуси тиббӣ ва дастпӯшу ниқобҳои дар шакли кӯмаки башардӯстона воридшуда ба Тоҷикистон мебошад.

Даҳҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фурӯши маҷбурии либосу ниқоб ба табибон хабар доданд. Шумори ин гуна хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ он қадар зиёд буданд, ки шубҳае ба воқеъият доштанашон намондааст.

Ҳамчунин сомонаи “Ислоҳ” бо такя ба манобеъаш эълон кард, ки либосҳои махсуси тиббӣ ба табибон аз тарафи духтари раисҷумҳур Парвинаи Эмомалӣ фурӯхта мешаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки кишварҳои дигар, аз ҷумла Ӯзбекистону Қирғизистон аз кумакҳои бесобиқа ба табибон хабар додаанд. 

Наздик ба сӣ сол аст. ки Тоҷикистон аз тамоми ҷаҳон кӯмакҳои башардӯстона дарёфт мекунад. Даҳ соли аввал кӯмакҳо ба мардум мерасиданд. Даҳ соли дигар танҳо қисмате аз онҳо. Аммо даҳсолаи охир касе он кӯмакҳоро намебинад ва маълум нест байни киҳо тақсим мешавад. Кӯмакҳо танҳо дар бозор зимни фурӯш ба чашми мардум мехӯранд. 

Ҳоло шадидтарин бӯҳрони сад соли ахир фаро расидааст. Имкони гуруснагӣ ба ниме аз мардуми кишвар таҳдид мекунад. Вақти он расидааст, ки мақомот аз дуздии кӯмакҳои башардӯстона даст кашанд ва мисли кишвари ҳамсояи Қирғизистон барои ҳар дирами он ба мардум ҳисобот диҳанд. То рӯзе мардум барои талаби ҳисобот ба по нахезад. 

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular