Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДар Қирғизистон 1000 зиндонӣ авф мешаванд

Дар Қирғизистон 1000 зиндонӣ авф мешаванд

Вакилони порлумони Қирғизистон тарҳи қонуни афви ҳазор зиндониро бахшида ба 75-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ ва 10-солагии Инқилоби мардумии Апрел ба баррасӣ гирифтанд.

Ин тарҳи қонун озодӣ аз таъқиби ҷиноии мардони аз 60-сола ва занони аз 55-сола боло, афроди маъюби гуруҳи 1 ва 2, афроде, ки ягона ноновари хона ҳастанд, инчунин касонеро, ки бори аввал ҷиноят кардаанд, пешниҳод дорад.

Дар тарҳи қонун омадааст, ки касе куштор, ҷинояти ба саломати зараровар, паҳнсозии бемориҳои вазнини гузаранда, ҷиноят зидди масунияти ҷинсӣ ва озодӣ, ҷиноятҳои марбут ба паҳнсозии маводи мухаддир ва сӯистифода аз мансабро содир кардааст, авф нашавад.

Ба иттилои вакилони порлумон, дар Қирғизистон зиёда аз 9500 маҳбус нигаҳ дошта мешаванд. Дар сурати қабули қонун 1202 тани онҳо озод хоҳанд шуд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular