Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги 4 нафар дар як рӯз “аз илтиҳоби шуш” дар як беморхонаи...

Марги 4 нафар дар як рӯз “аз илтиҳоби шуш” дар як беморхонаи Душанбе

Дар Маркази саломатии №1-и шаҳри Душанбе  (маҳаллаи “1-ум Советский”) имрӯз, 22-юми апрел якбора 4 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд.

Дар бораи марги онҳо бо истинод ба сардухтури беморхона Хуршед Рустамзода “Азия-Плюс” иттилоъ медиҳад.

“Мутаассифона, имрӯз 4 нафар беморони мо аз илтиҳоби шуш фавтиданд. Синни фавтидагон аз 60-сола болост. Ҳамаи онҳо мардонанд”, — хабар додааст Рустамзода.

Ба гуфтаи Хуршед Рустамзода, ташхиси коронавирус дар ин 4 нафар мардони фавтида натиҷаи манфӣ баромадааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузорӣ бо истинод ба манбаъи дигараш навиштааст, ки айни ҳол беш аз 100 нафар бо илтиҳоби шуш дар ин беморхона бистариянд.

“Се нафари онҳо дар ҳолати вазни қарор доранд”, — гуфтааст манбаъ.

Қаблан муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи ситоди пешгирии коронавирус ,  ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир ба саломатии шаҳрвандони кишвар таъсири манфӣ расонидааст. Аз ин рӯ, якбора гирифторшавӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла, илтиҳоби шуш (пневмония) зиёд ба мушоҳида мерасад.

Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омори тиббӣ ва иттилооти Вазорати тандурустии кишвар, соли гузашта шумори гирифторони бемории илтиҳоби шуш 12 ҳазору 802 нафарро ташкил додааст. Аммо дар бораи шумори фавтидагон аз ин беморӣ маълумот дода нашудааст.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular