Tuesday, April 28, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЯк муҳоҷири тоҷик нафту газро аз лӯла медуздид

Як муҳоҷири тоҷик нафту газро аз лӯла медуздид

Як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон дар Русия  ба дуздии нафту гази хом аз лӯлаҳои газу нафти «Варьеганнефть» ва «Самотлорнефтегаз» ба маблағи беш аз 1,6 миллион рубл (беш аз 20 ҳазор доллар) айбдор мешавад. 

Дафтари матбуоти додситонии ХМАО-Югра (Ҳавзаи Мухтори Хантию Манси – Югра) рӯзи 27 апрел хабар дод, ки муҳоҷири тоҷик аз моҳи декабри соли 2018 то апрели соли 2019 бо мақсади дуздӣ лӯлаи нафти ширкати «Варьеганнефть»-ро шикофта, 93 метри мукааби нафти хомро ба маблағи беш аз 1миллиону 500 ҳазор рубл дуздидааст. Илова бар ин, моҳи августи соли 2019 аз анбори конденсати лӯлаи марбут ба ширкати «Самотлорнефтегаз» 10 метри мукааби конденсати газро ба маблағи беш аз 100 ҳазор рубл дуздиданӣ шудааст, вале дар ҷои ҳодиса дастгираш кардаанд.

Бино ба гузориши , додситонии ноҳияи Нижневартовск айбномаи ниҳоӣ нисбат ба шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистонро тасдиқ кардааст. Ин муҳоҷири тоҷик ба як силсила ҷиноятҳо, аз ҷумла худсарона пайвастан ба лӯлаи нафт, дуздӣ аз лӯлаи нафт ба маблағи бузург ва қасди дуздии газ аз лӯлаи газ айбдор мешавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон таҳти боздошт қарор дорад ва парвандаи ҷиноятиаш барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Ба шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси моддаи 215-уми Кодекси ҷиноятии Русия барои ғайриқонунӣ пайвастан ба лӯлаи нафт то 5 соли зиндон ва бар асоси моддаи 158 барои дуздии нафту газ то 2 соли зиндон ваё ҷарима ба маблағи ҳангуфт таҳдид мекунад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular