Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетИловапулӣ ба кормандони тиб, ки бо коруно даргиранд: $150-300

Иловапулӣ ба кормандони тиб, ки бо коруно даргиранд: $150-300

Кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ки дар тадбирҳои пешгирии вуруд ва паҳншавии коронавирус дар ҷумҳурӣ иштирок мекунанд, ба ғайр аз музди меҳнат, иловапулӣ мегиранд. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба манбаъаш дар аз ҳукумат хабар додааст. Қарор аст ҳукумат рӯзҳои наздик дар ин хусус санади дахлдор қабул кунад.

Айни замон, ба гуфтаи манбаъ, сохторҳои дахлдор ҳаҷми иловапулиро бо назардошти имконоти мавҷудаи буҷет муайян карда истодаанд.

Қаблан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода ба нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият” , ки барои кормандони тиб аз ҳисоби буҷети давлатӣ маоши иловагӣ ҷудо карда мешавад.

Маъоши таибон дар Тоҷикистон аз 1500 то 3000-ро ташкил медиҳад. Ин ҳам ар ҳолест, ки даир Ӯзбекистону Қирғизистон барои табибони даргир бо коруно аз 1500 то 2500 доллар мепардозанд.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти расонаишуда, мақомот табибонро маҷбур сохта истодаанд, ки либосҳои муҳофизатӣ ва лавозимоти зиддиуфуниро аз ҳисоби худашон харидорӣ кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular