(Мусоҳибаи Муассисаи мутолиоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон (Эрони шарқӣ) бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ)
«Эрони шарқӣ»: Шумо ахиран дар мусоҳибае гуфтед, ки барпоии як ҳукумати диниро ба нафъи кишваре монанди Тоҷикистон намедонед. Чаро як «давлати исломӣ» набояд барои кишваре, ки беш аз 90 дарсад ҷамъияти онро мусулмонон ташкил медиҳанд судманд бошад? Далелҳо ва таҳлилҳое, ки шуморо ба чунин натиҷае расонд чӣ буд?
Муҳиддин Кабирӣ: Мавзӯъи «давлати исломӣ», «ҳукумати исломӣ», «хилофат», «иморат» ва ғайра, мавзӯъоти хеле доманадоре буда ва бештар назарӣ ҳастанд, ки барои солҳо афкори андешмандон ва сиёсатмадорони ҷаҳони исломро ба худ машғул намуда ва дар оянда ҳам чунин хоҳанд кард. Вақте ин мавзӯъ аз тарафи раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар робита бо Тоҷикистони имрӯз матраҳ мешавад, сирфан аз зовияи воқеияти имрӯзи кишвар, минтақа ва ҷаҳон аст, на аз зовияи назарӣ ва эътиқодӣ. Агарчӣ дар заминаи мутолиот, таҷриба ва таҳаввулоти фикрӣ аз лиҳози назарӣ ҳам ҳарфҳое барои гуфтан ва мубоҳиса дар ин мавзӯъ ҳаст, аммо на қолаби чунин мақолот ва мусоҳибаҳое ҷойи муносиб барои чунин баҳсе аст ва на зарурате барои ҷомеаи мо дар ин рӯзҳо }дар ин замина{ вуҷуд дорад.
Тоҷикистон бо доштани ҷомеаи беш аз 90 дарсадӣ аз мусулмонон, бо бархурдорӣ аз таърих ва фарҳанги пурранги исломӣ ва низ мардуми мӯътақид, дорои воқеиятҳои дигаре ҳам ҳаст, ки ҳар нерӯи ҷиддӣ ва масъулиятшиноси ватанӣ наметавонд онҳоро нодида бигирад; Монанди 70 сол ҳокимияти атеистии Шӯравӣ, 30 сол ҳукумати диктатории динситез ва дар иҳотаи кишварҳои диктатории секулор қарор гирифтани Тоҷикистон. Наҳзат вақте дар бораи Тоҷикистони ояндаи мавриди назари худ ва аксарияти мардуми кишвар барномарезӣ мекунад, дар талош аст таносуби мантиқӣ ва воқеъбинона байни тамоми авомили муассири имрӯзин ва таърихӣ ва фарҳангиро низ ба вуҷуд биёварад.
«Эрони шарқӣ»: Шумо дар бахши дигаре аз суханон ва мавоқеъи худ гуфтаед, ки ҳозиред пасванди «исломӣ» — ро низ аз номи ҳизб бардоред. Оё дар сурати бардошта шудани ин пасванд, аҳдоф, усули бунёдӣ ва авлавиятҳои Ҳизби наҳзати исломӣ низ тағйир мекунад? Дар ҳақиқат, оё масъала сирфан «ном» аст ё дар мӯҳтаво ва усул ва барномаҳои ҳизб ҳам масъалае вуҷуд дорад?
Муҳиддин Кабирӣ: баҳси пасванди «исломӣ» дар номи ҳизби мо мавзӯъи тоза нест. Балки ҳадди ақал 20 сол аст, ки вуҷуд дорад. Бад нест инҷо таърихчаи ин мавзӯъ каме барои хонандагон тавзеҳ дода шавад, то аз суитафоҳум ва ҳадсу гумонҳо пешгирӣ шавад. Дар соли 1998 ҳангоми баҳс перомуни тағйирот ва ислоҳот дар Қонуни асосии кишвар ва Қонуни аҳзоб матраҳ шуд, ки тибқи Созишномаи сулҳ бояд анҷом мегирифт, тарафи ҳукумат пешниҳод кард, ки пасванди «исломӣ» аз номи ҳизб бардошта шавад то инчунин дигар зарурате барои тағйирот ва изофа кардан ба қонун ниёз набошад. Раҳбари ҳизб он замон ин пешниҳодро напазируфт, бо ин истидлол, ки ин масъалаи дохили ҳизб буда ва ҳанӯз ҳизб ба чунин натиҷае нарасидааст.
Сол 2002 пас аз мабоҳиси дохилии ҳизб, Устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар яке аз дидорҳо мавзӯъро бо Эмомалӣ Раҳмон дар миён гузоштанд, ба маънои онки соли 1998 ин омодагӣ дар дохили ҳизб набуд ва акнун ин омодагии дохилӣ барои тағйири ном вуҷуд дорад. Ҷолиб ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон баръакси идеяи қаблии худ, тавсия мекунад, ки пасванди исломӣ ҳифз шавад. Чаро, ки ба қавли ӯ мо ин пасвандро ҳам дар ҷаҳон ислом ва ҳам дар кишварҳои ғарбӣ ба унвони як нишони пойбандӣ ба демократия ва эҳтиром ба ҳаққи мардум метавонем нишон диҳем ва кишвар аз номи исломии ҳизби шумо бурд мекунад. Ин мавзӯъ дигар то соли 2012 дар дохили ҳизб матраҳ набуд. Пас аз интишори Протоколи махфии 32-20, ки нақши пинҳонии Раҳмон алайҳи ҳизбро ошкор сохт, ин мавзӯъ бори дигар дар дохили ҳизб ба баҳс гузошта шуд. Чун тағйири номи ҳизб салоҳияти истисноии Анҷуман буд, қарор шуд, ки ин масъала ба барномаи Анҷумани навбатии ҳизб, ки тибқи барнома қарор буд сентябри 2015 баргузор шавад, изофа шуда ва тамоми аъзои ҳизб дар бораи ин масъала тасмим бигиранд. То соли 2015 тақрибан як иҷмоъи дохилӣ дар масъалаи тағйири ном шакл гирифта буд. Аммо ҳаводиси сентябри 2015 вазъиятро комилан тағйир дод ва ҳизб дар кишвар мамнӯъ эълон шуд.
Дар солҳои ҳиҷрат низ ин мавзӯъ ҳадди ақал ду бор дар сатҳи Раёсати Олии ҳизб ба баҳс гузошта шуд ва мо тасмим гирифтаем, ки феълан тағйири ном ва ҳазфи пасванди исломии он аз авлавиятҳои мо нест. Ман, ки худам аз ибтидо тарафдори тағйири ном ва ҳазфи пасванди «исломӣ» будам, ҷонибдори анҷоми ин кор дар ҳиҷрат нестам. Мо бояд ин мавзӯъро пас аз бозгашт ба ватан матраҳ кунем ва феълан роҷеъ ба он баҳс накунем. Далели аслӣ ин аст, ки ингуна масоил бояд аз тарафи худи ҳизб ва бо тасмими аксарияти аъзо ва масъулин гирифта шавад ва он ҳам огоҳона ва дар як шароити табиӣ. Муносибтарин фурсати ин кор солҳои пас аз имзои Созишнома буд, ки бояд бо як ном ва барномаи ҷадид ва муносиб бо замон ва макон вориди саҳна мешудем, ки ин корро ба далоили гуногун накардем. Сониян, тағйири ном дар чунин шароите метавонад фикреро ба вуҷуд биёварад, ки мо ин тасмимро таҳти фишори шароити имрӯзии ҳиҷрат ва ба далели ҳузур дар Аврупо гирифтаем, на дар натиҷаи як таҳаввули фикрии дохилӣ. Бино бар ин, баҳси тағйири ном имрӯз барои мо авлавият набуд, то бозгашт ба ватан ё шароити ҷадид ба ин мавзӯъ барнамегардем.
Аммо ин, ки оё бо тағйири ном аҳдоф ва дидгоҳҳои куллии ҳизб тағйир мекунад ё на, ин мавзӯъ ҳам баҳси муфассале металабад, ки ҷойи он инҷо нест. Дар кулл, метавон гуфт, ки ҳадафи аслии ҳизб ин овардани озодӣ ва рушд ба миллати тоҷик аст ва ин аҳдоф таҳти ҳеҷ шароите ва бо тағйири шакл ва номи афрод иваз нахоҳад шуд.
«Эрони шарқӣ»: Қаблтар тафкике дар мавриди коркардҳо ва фаъолиятҳои «Наҳзати исломӣ» ба унвони як «наҳзат» ва як «ҳизб» — ро тавзеҳ дода будед. Назари худатон ҳам дар он замон инҳилоли ҳизб ва табдил шудани он ба як наҳзати воқеӣ буд. Аммо гӯё имрӯз қарор аст «Наҳзати исломӣ» канор гузошта шуда ва як ҳизби сиёсӣ ҷойгузини он шавад. Барои пешбурди умури марбут ба Наҳзати исломӣ чӣ барномае доред?
Муҳиддин Кабирӣ: Тафкике, ки шумо дар бораи он мегӯед, баҳси солҳои қабл ва он ҳам дар дохили кишвар буд. Банда ҳамеша бар ин эътиқод будам, ки дар шароити кишвари мо дар қолаби як ҳизби сиёсӣ ҷой додани як наҳзати мардумӣ ва он ҳам бо рӯйкарди исломӣ як тарҳи бӯҳронзо ва аз қабл шикастхӯрдааст. Ин баробари он аст, ки як кӯзаи об дар як зарфи монанди стакан ғунҷонда шавад. Талош мекардам бародаронро мутақоид созам, ки байни ин ду тафкик қоил шавем ва ҳадди ақал наҳзатро кулл ва ҳизбро ҷузъе аз он ҳисоб кунем, на баръакс.
Аммо гоҳе мешавад, ки инсонҳо ба номҳо, шаклҳо ва афрод то ҳадде одат мекунанд ва унс мегиранд, ки дигар ҷудо шудан аз онҳо барояшон қобили таҳаммул нест ва ҳатто ин ҳамаро ба ҳадди қудсият ва арзишҳо мерасонанд. Бар ин бовар будам, ки чунин тафкик аз як тараф дасти Наҳзатро барои кори фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо ақшори мухталифи ҷомеа боз мекунад ва аз тарафи дигар ба ҳизби сиёсӣ инъитофпазирии бештаре дар масоили марбут ба сиёсат, қудрат ва рақобатҳои байни ҳизбӣ медиҳад. Ба иборати дигар, Исломро ҳамчун дини аксарияти ҷомеа ва бистари фарҳангии ҷомеа аз идеологияи як ҳизби рақиби нухбагони ҳоким табдил ба арзиши муштараки ҳамаи мардум ва ҳамаи ақшори ҷомеа мекунад. Чун табдил шудани Ислом ба идеологияи инҳисории як ҳизб, ва он ҳам ҳизби мухолиф, осебпазирии онро бештар мекунад.
Мо натиҷаи инро дар аъмоли баъди Раҳмон дидем. Ў аз як тараф барои касби машрӯъияти мардумӣ ва динӣ, соли бузургдошти Абуҳанифа(рҳ) баргузор мекунад ва бузургтарин масҷидро дар минтақа месозад, аз тараф дигар ба ҳама зерсохтҳои ҳамин дин монанди масҷид, мадраса, адабиёт ва ҳатто ба нишонҳои зоҳирии динӣ ҳамчун либос, риш, азон ва … эълони ҷанг мекунад. Ҳадафи он тарҳ ҳам берун кашондани Ислом аз василаи рақобати сиёсӣ ва ҳифзи ҷойгоҳи он ба унвони иштироки аксарият ҷомеа буд. Албатта ин мавзӯъ ҳанӯз ҳам аз байн нарафтааст, аммо шароити ҳиҷрат, вазъи имрӯзи мо авлавиятҳои дигареро пеш овардаанд.
Феълан мо ниёз ба бознигарии куллӣ дар шинохти воқеиятҳо, ояндаи кишвар ва миллат ва ҷойгоҳи дин дар ҷомеа дорем ва танҳо пас аз он метавонем тасмим бигирем. Мо ҳар тарҳе, фикре ва назаре, ки то соли 2015 доштем, ҳамонҷо монд. Саркӯби ҳизб, ҳиҷрат ва ҳамаи ҳаводиси 5 соли гузашта бо вуҷуди ҳама мусибатҳояш, як хубие ҳам дорад. Мо метавонем барои миллат ва кишварамон як тарҳи ҷадид бо назардошти таҷрибиёти гузашта, вале бидуни занҷирбанд (вобаста) будан ба онҳо пешниҳод кунем.
Албатта ин кор натанҳо илм, огоҳӣ ва дониш металаб, балки ниёз ба ҷасорат ҳам дорад. Ҷасорат на танҳо барои муқобила бо рақиб ё душманӣ, балки барои шикастани қолабҳои шахшуда дар зеҳни худ, ба ҳама одатҳои шахсӣ ва гурӯҳии худ, ки тайи солҳо ҷузъи зиндагӣ, тафаккур ва ҷаҳонбинӣ шуданд.
Мо афроде, ки дар хориҷ ҳастем, ниёз ба чунин бознигарӣ ва тарҳи ҷадиде дорем. Аммо агар ҳатто бубинем, ки тавони чунин бознигарӣ ва тарҳеро барои миллат надорем, ҳифзи ончӣ то имрӯз доштаем ва бо он ҳиҷрат кардем, худ як дастовард аст. Вале он дигар набояд номи тарҳи миллиро бигирад, балки як тарҳе аст барои ҳифзи одатҳои як гурӯҳ дар шароити ҳиҷрат. Агарчӣ метавонад номҳои зебое монанди «ҳифзи усул, арзишҳо ва ҳувият» дошта бошад, аммо аввалан талош барои ҳифзи одатҳоямон аст. Монанди он ки муҳоҷирини дигар кишварҳо дар Аврупо анҷом медиҳанд то об нашаванд. Ва ин ҳадди ақалле аст, ки бояд барояш талош кунем.
«Эрони шарқӣ»: Пештар дар дидор бо мақомоти амрикоӣ, замоне, ки аз шумо коҳиши равобит бо Эронро дархост карда буданд, тавзеҳ дода будед, ки шумо як ҳизби исломӣ ҳастед, ва Эрон ҳам як «ҷумҳурии исломӣ», фализо равобити шумо равобити табиӣ аст. Оё бо бардошта шудани пасванди исломӣ аз номи ҳизб, моҳияти ин дидгоҳ ва навъи равобит бо кишварҳои исломӣ назири Эрон низ тағйир мекунад?
Муҳиддин Кабирӣ: Навъи равобити мо бо кишварҳо, созмонҳо ва умуман ҷаҳон, иртиботи зиёде ба номи ҳизби мо ва ё он кишвар ва созмон надорад. Бале, чунин ҷавоберо мо додаем ва на танҳо ба дӯстони амрикоӣ. Ин ҷавоби мо ба ҳама касоне аст, ки мехоҳанд ба шакле бар сиёсатҳо ва дидгоҳҳои мо таъсир бигузоранд. Иттифоқан чунин ҷавоберо мо ба эрониҳо ҳам додаем. Манзур аз ҷавоби мо ин буда, ки равобити мо бо кишваре монанди Эрон як робитаи табиӣ аст. Агар Эрон ҷумҳурии исломӣ намебуд ва мо ҳам номи исломӣ намедоштем, ҷавоби ман ин буд, ки равобити байни ду миллати ҳамзабон ва ҳамфарҳанг як равобити табиӣ аст ва набояд касе аз он нороҳат бошад. Сарфи назар аз сиёсатҳо, ҳукуматҳо ва номҳо ва идеологияҳо, Эрон ва Тоҷикистон ва Афғонистон маҳкум ҳастанд бо ҳам наздик бошанд. Шояд тафсири муфассали ин ҷумларо ҷойи дигар бигӯям, чун инҷо тӯлонӣ мешавад, аммо бояд равобити ин се кишварро аз қолаби марзҳои сиёсӣ ва идеологӣ берун овард.
Ҳамин аст, ки мо аз беҳбуди ахири равобити Эрон ва Тоҷикистон дар кулл ҳимоят мекунем, агарчӣ зоҳиран ҳукумати Тоҷикистон талош дорад аз ин равобит алайҳи мо истифода кунад. Ва на танҳо бо Эрон, балки ҳатто бо кишварҳои дигар. Ахиран дар Малайзия будам ва онҷо ҳам огоҳ шудам, ки масъалаи мо яке аз мавзӯъоти аслии гуфтугӯҳо бо ин кишвар будааст. Аммо равобити хуби ҳукуматҳо набояд аз ҳисоби миллатҳо бошад.
Бинобар ин, мо навъи равобити худро бар мабнои усул ва воқеиятҳо интихоб мекунем, на номҳо. Чуноне, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам навъи равобити худро бар мабнои усул ва манофеъи имрӯзи худ интихоб мекунад, на ном ва барномаи як ҳизб ё кишваре. Ба унвони мисол, вақте масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон имрӯз навъи равобити худро бо ҳукумати Тоҷикистон ва ҳизб дар муқоиса бо қабл тағйир доданд, мо ба он эҳтиром мегузорем ва дарк мекунем, ки натанҳо номи ҷумҳурии исломӣ ва номи ҳизби мо наметавонанд таъйинкунандаи аслӣ барои навъи равобит бошанд. Агарчӣ номи кишвар ва ҳам Қонуни асосиаш дар қиболи як гурӯҳи мазлум ва мустазъаф, ҷудо аз номаш, навъи дигаре аз равобитро пешбинӣ мекунад, аммо воқеият он чизе аст, ки мо мебинем. Вақте, ки воқеиятҳо бар кишваре монанди Эрон бо чунин Қонуни асосӣ, ин ҳама имконот ва иқтидор дар масъалаи интихоби «навъи иртиботот» таъсир мегузоранд, табиӣ аст, ки барои наҳзате мисли мо бо ин ҳама мушкилот таъсири бештаре хоҳад дошт. Дар ҳама сурат, меъёри аслӣ барои иртибототи мо чорчӯбҳои арзишӣ, ва манофеъи миллат ва кишварамон мебошад, ки Наҳзати исломӣ ба хотири он таъсис шудааст ва фаъолият мекунад.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

