Saturday, April 25, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМарги табиб дар Хуҷанд, гирифтории сардухтури Кӯшониёну муовини раиси шаҳри Кӯлоб ва...

Марги табиб дар Хуҷанд, гирифтории сардухтури Кӯшониёну муовини раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар омори коруно

Тибқи охирин иттилоъоте, ки дастраси Паём шуд, як табиб дар Хуҷанд ва як муаллим дар Кӯлоб шаҳид шуданд, сардухтури ноҳияи Кӯшониён ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб бо коруно бистарӣ гаштанд, хонаводаи Абдумаҷид Достиев дар карантин қарор дорад ва дар шаҳри Бӯстон аз мардум барои зиддиуфууникунӣ пул ҷамъ мекунанд.

Мақсудов, табиб аз ноҳияи Истаравшан, ки қаблан ба ҳайси мудири коллеҷи тиббӣ ва раиси санэпидстансияи ноҳияи Истаравшан кор кардааст, имрӯз нисфирӯз аз коруно даргузашт. Паём натавонист номи ӯро пайдо кунад, аммо маълум кард, ки ӯ ҳамроҳ бо писару ҳамсараш Мақсудова Мавҷуда Камоловна бистарӣ буданд.

Муаллим Раҳимов Саидмузаффар аз деҳаи Бешкаппаи Кулоб имрӯз аз вируси коруно даргузашт. Тибқи гуфтаи шогирдонаш ӯ яке аз беҳтарин муаллимони фанни забон ва адабиёт ва дорандаи унвони муаллими калони маорифи шуравӣ буд. Дар мактаби рақами 31 ба номи Сафар Амиршоев солҳои зиёд ба ҳайси муаллими забон ва адабиёт кор кардааст.

Маҷидова Кенҷамо, муовини раиси шаҳри Кӯлоб дучори коруно шуда дар ҳолати вазнин карор дорад. 

Сардухтури бемористони ноҳиявии Кӯшониён Сайвалиев Нуралӣ ҳам бо нишонаҳои COVID-19 бистарӣ гаштааст.

Хонаводаи Абдумаҷид Достиев баъди баргаштани писараш Рустами Абудмаҷид аз хориҷ аввал дар Душанбе, сипас дар деҳаи Виёни ноҳияи Кӯшониён ба карантини хонагӣ гирифта шудаанд. 

Дар шаҳри Бӯстони (собиқ Чкаловск) вилояти Суғд аз ҳар хонаи биноҳои баландошёна  5 сомонӣ барои зиддиуфунӣ кардани даромадгоҳҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Онҳое, ки пул ҷамъ меоваранд гуфтаанд, ки супориши раиси шаҳр аст.

Қисми либосфурӯшии бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар, ба додарарӯси раисҷумҳур Хайрулло Саъдуллоев таъаллуқ дорад, то 10 май баста шудааст, аммо бахши фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ фаъолият мекунад. Дар аксу наворҳое, ки хонандагони Паём фиристоданд дида мешавад, ки мардуми зиёде дар бозор рафтуомад мекунанд. 

Дар ҳамин ҳол дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф”, ки мутааллиқ ба домоди раисҷумҳур Зоир Соҳибов аст, тағқироте мушоҳида намешавад ва ҳамаи бахшҳои он пурра фаъолият мекунанд.  

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular