Tuesday, July 1, 2025
ads
HomeХабарҳо“Разбор”-и гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикӣ ё ҳуҷуми нави иттилооти алайҳии тоҷикону Тоҷикистон?

“Разбор”-и гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикӣ ё ҳуҷуми нави иттилооти алайҳии тоҷикону Тоҷикистон?

Ду рӯз аст расонаҳои русӣ аз ҷанги эҳтимолии хунбори гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикон дар Маскав гузориш медиҳанд ва ҳар соат ин ҷанги эҳтимолӣ хат ва тобишҳои нав пайдо мекунад.
Бо иттилои расонаҳои русӣ ин ду гурӯҳ, ки пешвоёнашон гӯё нафароне бо номҳои Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ва Лутфулло будаанд, барои тақсими манфиатҳо ба ҷанг оғоз кардаанд ва ин ҷанг “имкон дорад ҷонҳои зиёдеро бистонаду Маскавро бо хуни тоҷикон олуда созад.”
Сомонаи Росбалт навиштааст “аз хотироти боқимонда аз гӯристони Хованское мешавад хулоса кард, ки ин ҷанг ҷонҳои зиёдеро бо худ хоҳад бурд”.
Даҳҳо расонаи русӣ дар ин бора зери сарлавҳаи “Мақомоти қудратӣ аз ҷанги оғозшуда байни гурӯҳҳои ҷиноии тоҷик нигаронанд” оғоз кардаанд.
Нашрияҳои русӣ аз баҳси байни Лутфулову Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ҳангомаву қиссаи мафиёии бузурге сохтаанд, ки аз филмҳои мафиёӣ монданӣ надорад. Гӯё Ҳоҷи Абдуҷаббор тавассути гурӯҳи ҷангии Лутфулло мавқеъи худро қавӣ сохта, хостааст бинобар нолозим шуданаш аз Лутфулло халос шавад ва алайҳи ӯ сӯиқасд ташкил намудааст. Лутфулло аз он сӯиқасд ҷон ба саломат бурда, дар яке аз беморхонаҳои ашрофиён сиррӣ табобат мегирад ва ният дорад қасдашро аз Ҳоҷӣ Абдуҷаббор ситонад. гурӯҳҳои ҷангии ин ду пешво гӯё ба ҷанги бузург омода мешаванд.
Аммо коршиносони мустақили рӯсқ тоҷик ба ин масъала назари дигар доранд. Темур Варқӣ, коршинос ва рӯзноманигори русинависи тоҷик мегӯяд

ман ба ошкоршавии гурӯи доишии тоҷикӣ-қирғизӣ дар Санкт-Петербургу Маскав ва ҷанги мафиёии тоҷикӣ дар Маскав бовар надорам. Нзарам ин аст, ки ин ишораест ба Душанбе ба хотири надоштани хоҳиши воридшавиаш ба ИИАО (Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ) аст.

«Баъзе аз ҳамватанони мо дар Маскав мегӯянд, ки воқеъан ин гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикӣ дар онҷо вуҷуд доранд. Аммо соли аввал ё даҳсолаи аввал нест, ки вуҷуд дошта бошанд. Суол ин ҷост, ки чаро маҳз имрӯзҳо мақомоти Русия ва тамоми ВАО-и русӣ мисле, ки супориш шуда бошад, ба бедор кардани тарс маҳз аз гурӯҳҳои ҷиноии тоҷикӣ (хоҳ мафиозӣ аст ва хоҳ террористӣ) оғоз крадаанд? Гӯё кадом таҳдиди тоҷикие ва вуҷуд омад бошад. Дар ҳоле, ки гурӯҳҳои пурқуваттару бузургтари қавмии дигар аз назарҳо дур мондаанд. Ҳамаи ин, мисли ҳамон бӯҳрони авиатсионӣ нишони шиддатёбии фишор болои мақомоти тоҷик аст, то Душанберо маҷбур ба воридшавӣ ба ИИАО кунанд. Маскав намоиш медиҳад, ки агар Раҳмон розӣ нашуд, асбобҳои зиёде барои талх кардани зиндагии ӯ дорад” — гуфт Темур Варқӣ.
Алӣ Ализод, коршиноси дигар навиштааст “ба назар мерасад таблиғоти русиягӣ баъди интихоботи амрикоӣ қарор додааст ҷиддан ба самти мо баргардад: аввал террористон, акнун ҷанги мафиёӣ дар пойтахти Русия. Сабаб чӣ бошад? Наход ҳамаи манёврҳои мунҳарифкунандаи дигар тамом шуда бошад?”

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?