Thursday, May 22, 2025
ads
HomeХабарҳо12 нафар “тундгаро” дар Маскав ва Санкт Петербург боздошт гардиданд

12 нафар “тундгаро” дар Маскав ва Санкт Петербург боздошт гардиданд

Бо иддаои мақомоти интизомиву амниятии Русия ин гурӯҳи муташаккил узви созмони тундгарои ДИ будаанд, ки мақсад доштаанд, дар қаламрави Русия ва Осиёи Марказӣ амалиёти террористӣ ба анҷом расонанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар бораи ин шабакаи террористӣ нахустин шуда маълумот пайдо кардааст ва Хадамоти федеролии амнияти Русияро дар ҷараён гузоштааст. Маълумоти мақомоти интизомии тоҷикро истифода карда ФСБ 12 нафар зодагони ҷамоҳири Осиёи Марказиро боздошт сохт ва “аз маҳалли будубоши онҳо ба миқдори зиёд силоҳи оташфишон ва маводи таркандаву адабиёти тарғиботии динӣ мусодира намуд”.

Мақомоти тоҷик иддао кардаанд, дар ин амалиёт кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон ва Хадамоти федеролии амният (ФСБ) иштирок доштанд. Ҳамчунин Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ки якҷо бо ҳамтоёни руси худ аз фурудгоҳи шаҳри Маскав як зодаи шаҳри Турсунзодаро, ки бародараш дар ҷангҳои Сурия иштирок доштааст, мавриди боздошт қарор дода ва Тоҷикистон истирдод намудаанд.

Вазорати мазкур таъкид кардааст, ки аз ин баъд амалиёти якҷояи ниҳодҳои интизомии кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар робита ба кашф ва хунсо намудани шабакаҳои террористӣ зуд зуд анҷом хоҳанд гирифт ва ин амадиёт босамар хоҳад буд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нахустин шуда дар бораи афроде, ки қасди амалиёти террористӣ дар Русия ва Осиёи Марказиро доштанд, иттилоъ пайдо намуд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ба воқеъӣ будани ин “амалиёти тарҳрезишудаи террористӣ” бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Шарҳи бештар ба зудӣ нашр хоҳад шуд.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика