Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетДонишомӯзон нимаи август ба мактаб бармегарданд

Донишомӯзон нимаи август ба мактаб бармегарданд

Таътил дар мактабҳои Тоҷикистон то 16-уми август тамдид шуд. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода,   қситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 -ро  нашр кард.

Дар қарор гуфта мешавад,  хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ то 16-уми август ба таътили тобистона фиристода шуда, идомаи таҳсил аз рӯзи 17-уми августи соли 2020 оғоз карда шавад. Баҳои чоряки чорум аз рӯйи натиҷаҳои се чоряки аввал ва давомоти чоряки чорум ҷамъбаст карда шавад.

Дар қарор омадааст,  баҳои имтиҳонҳои аз синф ба синфгузаронӣ аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти чорякҳо гузошта шавад ва имтиҳонҳои хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар синфҳои 9 аз рӯйи 4 фан ва дар синфҳои 11 аз рӯйи 6 фан аз 15-ум то 24-уми июни соли 2020 баргузор гардад.

Ҳамчунин дар ин қарор омадааст, ки дар муассисаҳои томактабӣ то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid -19 таътил тамдид карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid -19 ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, хусусан, кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон гардида буд.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular