Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСӯистифодаи консулгарии Истамбул аз кӯмаки туркҳо

Сӯистифодаи консулгарии Истамбул аз кӯмаки туркҳо

Косулгарии Тоҷикистон дар Истамбул аз кӯмаки мардуми турк, ки барои муҳоҷирон ҷамъоварӣ мекунанд, сӯистифода кардааст. Ин ниҳод на танҳо кӯмакҳоро аз номи ҳукумати Тоҷикистон тақсим карда, балки байни муҳоҷирон фарқгузорӣ намудааст.

Тибқи иттилоъи манбаъи Паём, як созмони хайриявии Туркия ба консулгарии Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона овардааст, то байни муҳоҷирони тоҷик тақсим кунанд. Ин кӯмак шомили маводи хӯрока аз қабли биринҷ, орд, равған шакар, чой, шириниҳо, макарон, марҷумак, нахуду лубиё, зайтуни консервакардашуда ва баъзе ҳадяҳо будааст. Ҳамчунин бимкорти 50 лираӣ барои харид аз мағозаҳои BIM.

Сафорат ба муҳоҷирон бо ин мазмун паёмак мефиристад (бидуни таҳрир):

Шаҳрванди гиромӣ!

Бино бар муроҷиати Шумо ба Консулгарии генералӣ оиди гирифтани кумаки ғизои дар замони душвори, ки  бемории Covid-19  ҷаҳонро таҳти фишор қарор додааст.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки рузи 05.05.2020 аз соати 10.00 то 14.00 ба бинои Консулгарӣ бо шиносномаи худ ва аҳли оила(бо шиносномаҳои ба мо ирсол шуда) биёед.

Суроға; Yesilkoy, Halkali Cd. No:14, 34149 Bakirkoy/Istanbul B030

Аммо як рӯз қабл, яъне 4 май  бо шиносбозӣ қисмате аз кӯмакҳоро тақсим мекунанд ва ба қисмате аз онҳое, ки рӯзи 5 май ба консулгарӣ меоянд бо ин баҳона, ки кӯмак тамом шудааст, танҳо бахше аз кӯмакҳои зикршударо медиҳанд. Ҳамчунин бештари муҳоҷирони барои гирифтани кӯмак омада, аз бимкортҳо маҳрум мешаванд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манбаъ, созмони хайриявӣ ба ҳар бастаи кӯмак як бимкорт ҳамроҳ кардааст.

Ҳамунин кормандони консулгарӣ кӯмакро, ки аз ҷониби созмони хайриявии туркӣ дода шудааст, кӯмак ва ғамхории ҳукумати Тоҷикистону “пешвои ғамхори миллат” муаррифӣ кардаанд. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular