Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон барои камтар кардани таъсири бӯҳрони бархоста аз вируси коруно 189 миллион доллар кумак мекунад.
Ин созмон дар баёнияи расмиаш, ки дирӯз 6 нашр шудааст иттилоъ медиҳал ин маблағ барои пешгрӣ аз аз оқибатҳои бади иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, кумак ба буҷаи Тоҷикистон ва пардохтҳои ба сабаби пандемияи COVID-19 ба миён омада ихтисос дода мешавад.
СБП ба ин назар аст, ки пандемия барои иқтисоди Тоҷикистон зарбаи муҳлик задааст ва пешбинӣ мешавад, ки имсол он то 2 дарсад коҳиш ёбад ва касри буҷаи Тоҷикистон 7.7 дар сади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад.
Дар баёния гуфта шуддааст мақомоти Тоҷикистон барномаи амалкард ва табдир барои пешгирӣ аз пандемияро омода кардаанд ва маблағҳо маҳз барои хонаводаҳои фавқулода осебпазир ва мӯҳтоҷ ва кӯмак ба тиҷорат равона мешавад.
Тао Жанг, яке аз мудирони Сандуқи байналмилалии пул гуфтааст, мақомот қавл додаанд, ки дар харҷи маблағҳои ҷудошуда комилан шаффоф хоҳанд буд ва ҳар се моҳ дар бораи харҷи пулҳо гузориш медиҳанд ва натиҷаҳои хароҷот баъд аз бӯҳронро нашр мекунанд.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

