Monday, April 27, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетОҷил! Марги як маҳбус дар зиндони №1 аз коруно

Оҷил! Марги як маҳбус дар зиндони №1 аз коруно

Як маҳбуси 63-сола дар зиндони рақами 1-и пойтахт аз бемории нишонаҳояш бисёр шабеҳ бо коруно ҷон додааст. 

Манбаъи Паём иттилоъ дод, субҳи имрӯз 7 май аввалин ҳолати марг дар зиндон бо аломатҳои COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҷонбохта як марди 63 сола гуфта мешавад, ки 12 сол ҳукм дошта, 5 солашро сипарӣ кардааст.

Мутаассифона ҳанӯз ба мо муяссар нашуд ному насаби марҳумро муайян кунем.

Ҳамчунин ҳамин манбаъ иттилоъ дод, ки ба бунгоҳи тибии зиндони №1 ду дастгоҳи нафасдиҳии кӯҳна, соли бароришаш 1961 овардаанд.

Қаблан манобеъи Паём аз гирифтории ҳудуди 200 нафар ба коруно дар ин зиндон хабар дода буданд.

Байни гирифторон Раҳматуллои Раҷаб, узви Раёсати Олии ҲНИТ ва Бузургмеҳр Ёров, вакили маъруфи дифоъ низ ҳузур доранд.  

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular