Шуйӯъи вируси коруно дар Тоҷикистон, на танҳо корношоям будани ҳукуматро нишон дод, балки миллионҳо нафарро, ки ба расонаҳои давлатӣ, бахусус телевизион бовар мекарданд дар як ҳолати шокӣ гузошт. Ҳарчанд рӯз то рӯз шумори онҳое, ки ба телевизионҳои давлатӣ бовар мекарданд камтар мешуд, аммо ин раванд бисёр кунд ҷараён дошт. Коруно суръати равандро ба сатҳи боварнакардание боло бурд ва пардаи ороиширо бо суръат аз рӯи харобаҳое бардошт, ки ҳукумат бо тамоми қудрат пинҳонашон мекард.
Мардуме, ки одат карда буд ҳамеша “рушду пешрафту ободӣ”-ро бинаду аз ғамхории “пешвои миллат” бишнавад, ногаҳон дарёфт, ки ин ҳама сол гӯлаш задаанд. На рушде ҳаст ва на пешрафту ободие. Ногаҳон дарёфт, он ҳама ободиҳое, ки нишонаш медоданд, харобазорест, ки рӯяш бо пардаи мунаққаше пӯшонида шудааст. Ва “пешвои ғамхору миллатдӯст” тарсуе беш нест, ки дар аввалин садои хатар миллатро ба ҳолаш гузоштаву пинҳон шудааст.
Ин ҳолати аввал шокӣ, сипас чашмкушоии мардумро мешуд баръало кӯчаҳову хиёбонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида кард. То эътирофи расмии ҳукумат ба вуҷуди вируси коруно аксарият ба афсонаи ҳукумат дар бораи адами вуҷуди коруно бовар мекарданд. Ва на танҳо мардуми оддӣ. Садҳо зиёиро мешавад аз шабакаҳои иҷтимоӣ мисол овард, ки аз набудани вирус дар кишвар табли шодӣ мезаданд ва бо шиддат ба онҳое, ки аз вуҷуди вирус огоҳ мекарданд, метохтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто кӯчаву хиёбонҳо як фазои фараҳу ифтихор ҳукмрон буд. Одамон бо ифтихор ҳамдигарро табрик мекарданд ва гурӯҳи бузурге, ҳатто бархе мухолифин аз иқдомоти пешгиронаи ҳукумат ситоиш менамуданд.
Шок замоне фаро расид, ки зери фишори мухолифон, огоҳон ва фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳукумат маҷбур ба эътирофи вуҷуди вирус шуд. Ногаҳон он ҳама бонгҳои шодиву ифтихор хомӯш шуданд, табрикгуии ҳамдигару дастфишориҳо қатъ гаштанд ва ҷомеъаи пуршӯр мисли парандаҳое, ки аз садои ногаҳонии раъд якбора садояшонро қатъ мекунанд, хомӯш монданд. Як фазои сарду бесадо кишварро фаро гирифт. Ҳатто тамаллуқкорону косалесон ҳарфе барои гуфтан пайдо накарданд (ба ин гурӯҳ поёнтар хоҳем пардохт).
Сипас, вақте ҳолати шокӣ гузашт, мардум кам-кам дарёфт, ки ҳукумат на танҳо дар вуҷуди вируси коруно дурӯғ гуфтааст, балки он яке аз дурӯғҳои ҳамешагиаш будааст. Болоравии босуръати нархҳо, афтиши қурби пули миллӣ, дасти кӯтоҳи ҳукумат дар дастгирии шаҳрвандонаш, набудани ҳеҷ захирае, ки ҳукумат аз дусолааш лоф мезад, адами омодагии беморхонаҳо, идомаи дуздии кӯмакҳо ҳатто дар мушкилтарин ҳолат, пинҳоншавии раҳбарон — сар аз “пешво” то раиси ҷамоъату сардухтури беморхона мардумро ба ин натиҷа расонд, ки ҳаргиз ин ҳукумату ин “пешво” дар ғамаш набудааст. Ва он ҳама намоишҳои телевизионҳову лофи рушду пешравӣ танҳо як саробе буда, ки ҳукумат ба мардум чун оби чашмаи биҳишт намоиш медод.
Ногаҳон яке садо зад, ки “шоҳ луч аст”. Ва шурӯъ шуд шӯру валвала. Дар 27 соли ҳукуматдории Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз садоҳои эътирозӣ то ин ҳад баланд нашуда буданд. Боре ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ба баҳсҳо дар он нигоҳ кунед. Садои ҳазорон нафар баланд шудааст, ки мегӯяд “то ба кай?” Боре ба ҳарфҳои мардум дар кӯчаву бозорҳо гӯш андозед. Лаънату нафрин ба мақомдорон, ки қаблан дар хонаҳо ва бо садои паст гуфта мешуд, имрӯз ҳамаҷо садо медиҳад. Ва ин танҳо шурӯъи кор аст. Ин танҳо насимест, ки қабл аз тӯфон мерасад.
Баргардем ба тамаллуқкорону лаганбардорон. Аслан яке аз пояҳои мустаҳками ин ҳукумат ва сабаби қудрат гирифтану то ин замон давом оварданаш ҳамин гурӯҳ буданд. Ҳаминҳо буданд, ки ба хотири як бурда нон бо ситоишҳои болохонадору афсонаҳои дурӯғинашон ба чашми мардум хок мепошиданд ва як ҳукумати истибдодиву дуздро кордону ғамхору мудерн ҷилва медоданд.
Худи ҳукумати Тоҷикистон дархӯри бақояш будани ин гурӯҳро ба хубӣ дарк мекунад. Аз ин ҷост, ки ҳам барои мубориза бо мухолифонаш ва ҳам барои гӯл задани мардум на танҳо аз онҳо кор мегирад, балки як институти бузурге таъсис дода, ки бо номи “Фабрикаи ҷавоб” шӯҳрат ёфтааст. Аммо бинобар идораи нодурусту хеле примитивӣ ва ҷалби нафарони бесаводу ғайримутахассис дар он, ин фабрика бештар бар зарари ҳукумат ва нафъи мухолифин кор кардааст. Ҳарчанд бархе манобеъ ва шавоҳид гувоҳӣ медиҳанд, ки муаллимони донишгоҳҳо, аз ҷумла факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ, кормандони Академияи улум ва ғайра ба ин фабрика ҷалб шудаанд. Аммо аз як тараф сатҳи баланди фасод ва ба дасти афроди нолоиқу бесавод гузаштани ҳатто муассисаҳои илмӣ ва аз тарафи дигар шояд маҷбурӣ фаъолият кардани онҳо сабаби номуваффақии фабрика шудааст. Ҷанбаи дигари номуваффақии ҳукумат дар ин ҷанги иттилоотӣ бо истифодаи “Фабрикаи ҷавоб” албатта ин аст, ки воқеъан ҳарфи каме барои посух гуфтан ба интиқоди мухолифону фаъолон дорад.
Ҳоло ҳамин ҳарфи камаш ҳам дигар дархӯр нест. Ин аст, ки чанд рӯзи охир, дар ҳошияи садоҳои эътирозии торафт болораванда, фабрика комилан хомӯш аст. Баъзе садоҳое, ки аз он шунида мешаванд, бештар ба амри маъруф дар масоҷид монанд аст. “Ғайбат накунед, гуноҳ аст” ва амсоли ин насиҳатҳо.
Дар ҳамин ҳол як гурӯҳи бузурги зиёиёну рӯзноманигорон ҳам, ки зоҳиран ба фабрика бастагие надоранд, аммо ҳамеша аз мавқеъи ҳукумат дифоъ мекарданд, як ҳафтаи охир комилан ғайб задаанд. Ҳатто баъзе садоҳои эътирозие аз бархеи онҳо низ шунида шуданд.
Садои тамаллуқкорону косалесон ҳам хомӯш аст. Зоҳиран онҳо мутаваҷҷеҳ шудаанд, косае, ки тиллоӣ мепиндоштанду дар лесиданаш кӯтоҳие аз худ нишон намедоданд, сафолӣ асту дар ҳоли шикастан.
Ин гурӯҳ, ки дар амал хеле зирак ва мавқеъшинос аст, ҳатман замоне хомӯш хоҳад буд, то тӯфоне, ки дар роҳ аст ҳамроҳ бо косаву молики коса набарадаш. Баъди тӯфон ҳатман дар ҷустуҷӯи комае дигаре мешавад.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

