Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетФавти ду сарҳангу як генерал, ду гузориши муфассал, шифоёбии Зоиров. Хроникаи коруно...

Фавти ду сарҳангу як генерал, ду гузориши муфассал, шифоёбии Зоиров. Хроникаи коруно 14.04

Дар як гузориши муфассал “Радиои Озодӣ” аз вазъи қабули беморон, шароити беморхонаҳои пойтахт ва нарасиданиу табибону доруворӣ . Гуфта мешавад бистарӣ кардани маризон дар шифохонаҳо торафт доғ мешавад. Муассисаҳои беҳдоштӣ бо сабаби нокофӣ будани ҷой ва густариши коронавирус, танҳо беморони вазъашон миёнаи сангин ва сангинро қабул мекунанд. Дар бархе беморхонаҳо танҳо доштани шинос дар мақомот метавонад барои бемор ҷой пайдо кунад.  

Агентии иттилоотии “Фергана” , ҳукумати Ӯзбекситон сатҳи андоз барои барои бизнеси хурду миёна ва хоҷагиҳо поён бурда, ҳамчунин соҳибкорони хурдро аз пардохти андоз аз замину амвол озод ва пардохти боҷро барои 120 рӯз ба таъхир гузошт.  

“Азия Плюс” бо дастури вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май сардухтури беморхонаи клиникиии вилоят ба номи Бӯрӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар Алихон Нурализода ва сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Каримхон Абдураҳмизода аз вазифаҳояшон сабукдӯш шудаанд. Сабаби дастур шарҳ дода намешавад.

“Ховар” Эмомалӣ Раҳмон бо бархе роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо телефонӣ сӯҳбат карда, “бобати мақсаднок ва суроғавӣ расондани кумакҳои расида, таъмини табобатхонаҳо бо маводи зарурии тиббӣ” ва ғайра “супоришҳои мушаххас” додааст. Ҳамчунин ӯ дар ин гуфтугӯҳои телефонӣ “ба ҳамаи табибону кормандони соҳаи тиб, ки бевосита дар мубориза бо ин беморӣ ва табобати беморон машғуланд, изҳори миннатдорӣ” намудааст.

“Паём” аз марги Тоҳир Кукузов, як афсари собиқадори Вазорати корҳои дохила баъди гирифтории серӯза ба вируси коруно, дар 11 май . Сарҳанг Кукузови 61 ҳамагӣ се рӯз эҳсоси беморӣ карда, бе он ки ҳолаш вазнин шавад, ногаҳон ҷон додааст. Тоҳир Кукузов аз афсарони собиқадори Вазорати корҳои дохила буд, аз соли 1991 ба ҳайси сардори шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Совети он замон (ҳоло Темурмалик) кор мекард. Аз калуғҳои Темурмалик аст.

“Радиои Озодӣ” пандемияи COVID-19, ба нерӯгоҳи “Роғун”, низ “сироят” кардааст. Ҳоло ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки пандемияи коронавируси нав боиси таъхир дар такмили нерӯгоҳи Роғун ва ё ба қавли мақомот “сохтмони аср” шавад. Кор, ба гуфтаи як коргари нерӯгоҳ, моҳи март ва баъди қатъи парвозҳову бастани марзҳои Тоҷикистон суръати қаблиро аз даст додааст. 

Хабаргузории “Авесто” бо истинод ба Вазорати молия аз  11,3 млн. доллар гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, ки барои татбиқи «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» дода мешавад, 6,3 миллион доллараш  барои хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводи безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақал 100 бистари нав масраф мешавад. 

“Азия Плюс” дармонгоҳи сайёр дар қаламрави варзишгоҳи “Бофанда”-и шаҳри Душанбе, ки сохтмонаш дар арафаи анҷомёбист, охири ҳафта аввалин беморонро қабул мекунад. Айни замон дар ин ҷо корҳои васли дармонгоҳ ба шабакаи обу корез ва шабакаи барқи шаҳр ҷараён доранд. Ин дармонгоҳ аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон чун кӯмак фиристода шудааст. 

“Ховар” , ки раиси дастгоҳ ва духтари раисҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмон рӯзи 13 май ба бемористони марказии зодгоҳаш — ноҳияи Данғара 100 кати хоб, 100 кӯрпача бо 100 болишти пахтагӣ, дар маҷмӯъ 100 рахти хоб кумак кардааст. Бино ба ин манбаъ, Озода Раҳмон нақша дорад, ҳафтаи оянда ба беморхонаҳои кишвар ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ маводи дорувор кумак кунад.

“Паём” дар таҳлиле ин “ҳиммат”-и Озода Раҳмонро ба ва 5 манбаъи бузурги даромади ӯро ифшо кард. Тибқи ин таҳлил Озода Раҳмон ва шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев аз ҳисоби ин манобеъ ҳади ақал 5 млрд доллар сармоя ҷамъ кардаанд.  

“Радиои Озодӣ” генерал Саиданвар Камолов, раиси пешини Кумитаи амнияти Тоҷикистон ва муфаттиши ҳодисаҳои февралӣ дар КГБ-и Тоҷикистони Шӯравӣ, даргузашт. Вай 70-сола буд ва, ба қавли наберааш Беҳрӯз, аз бемории «бронхит» ранҷ мекашид. Беҳрӯз гуфтааст, Саиданвар Камолов рӯзҳои ахир дар шифохонаи «Якум Советский»-и пойтахт муолиҷа мегирифт ва маросими дафнаш 14-уми май баргузор мешавад.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиат-демократи Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш аз вируси коруно наҷот ёфтааст. “Рузи 5.05.с. 2020 саросема шудаам, ки «кризис гузашт». Ҳамин руз давраи дуюму сеюм оғоз шуд. Ба рӯзи 9.05. аз чогаҳ хеста натавонистам. Саҳар бо зур дустонро табрик намудаму, ғалтидам. Температура аз 40 гузашт. Рузи 13.05. ба худ омадаам. Имруз нафас кашидам!” — навиштааст Зоиров

“Ахбор” сарҳанг Саймухтор Беков, собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва шавҳари мудири собиқи бахши тоҷикии радиои Озодӣ Соҷидаи Мирзо шаби 13 ба 14 май дар Душанбе вафот кард. Ҷанозаи полковник Бековро дар оромгоҳи маҳаллаи Авул (Обул) ба хок супурданд. Наздиконаш гуфтанд, ки Саймухтор Беков чанд вақти охир аз илтиҳоби дутарафаи шуш (пневмония) ранҷ мекашид. Ҳафтаи гузашта бародари Саймухтор Беков – Сайғуфрон Беков низ бар асари пневмония вафот карда буд.

Хазинаи байналмиллалии асъор, ки тасмим дорад ба Тоҷикистон $189,5 млн кӯмак расонад, шарт гузоштааст, ки Тоҷикистон буҷаи соли ҷориро бозбинӣ кунад. Худи ХБА кӯмакашро барои дастгирии буҷа равон кардааст. “Хазина пешниҳод мекунад, ки буҷаи пешбинишуда барои соли ҷорӣ ба беш аз 3,2 млрд сомонӣ ихтисор карда шавад” — Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 6 нафар аз коронавируси нав фавтидаанд. Шумори умумии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир ба 29 нафар расид. Теъдоди гирифторон рӯзи 14-уми май аз 900 нафар бештар шуд.

Пизишкони тоҷик, ки дар сафи пеши бархӯрд бо бемории COVID-19 муҳориба мекунанд, то кунун чанде аз ҳамкорони худро аз даст додаанд. Ба иттилои расмӣ, дар ду ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон 29 кас аз бемории ҳамагир фавтиданд, аммо гуфта намешавад, чанде аз онҳо табибонанд. Дар як рӯйхати ғайрирасмии фавтидагони се ҳафтаи ахир, номи зиёда аз 30 корманди соҳаи тиб дарҷ шудааст. Азия Плюс дар як дар бораи қисмате аз онҳо маълумот додааст. 

“Паём” сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба COVID-19 мубтало шудааст.  Шобудин Шарипов, баъди гирифторӣ ба вируси коруно дар бемористони касалиҳои сироятии пойтахт воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бистарӣ шудааст. Вазъи саломатии Шарипов вазнин арзёбӣ мешавад ва ӯ айни ҳол зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular