Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нет9 млн дар суратҳисоби махсус, кӯмакҳо номаълум

9 млн дар суратҳисоби махсус, кӯмакҳо номаълум

Мувофиқи маълумоти охирин, дар суратҳисоби махсуси Ҳукумат 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллар ҷамъ шудааст. Маблағи мазкур барои харидории таҷҳизот, маводи тиббӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои муолиҷаи беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 истифода мешавад.

Мақомот дар ҳоле дар бораи маблағҳои ҷамъшуда дар суратҳисоби махсуси муориза бо коруно маълумот медиҳанд, ки дар бораи кӯмакҳои хориҷии ба Тоҷикистон расида камтарин маълумоте дастрас нест. Дар сурате, ки ҳаҷми кӯмакҳои хориҷӣ садҳо маротиба бештар аз маблағҳои воридшаванда ба ин суратҳисоб ҳастанд.

Дар заминаи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус-COVID-19, ки дар доираи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 марти соли 2020 таъсис дода шуд, ҷиҳати расонидани кумак ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа суратҳисоби махсус таъсис дода шудааст.

Мувофиқи маълумоти охирин, дар суратҳисоби мазкур 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ ва 35 ҳазору 247 доллар ҷамъ шудааст.

Маблағи мазкур барои харидории таҷҳизот, маводи тиббӣ ва фароҳам овардани имконияти мусоид барои муолиҷаи беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус COVID-19 истифода мешавад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular