Бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар, ки баъди 5 рӯзи карантин рӯзи 3 май таъҷилан боз шуда буд, дубора баста шудааст. Баъди ҷамъоварии пурраи иҷорапулӣ аз соҳибкорон.
Манбаъи “Паём” аз Бохтар хабар медиҳад, ки бозори “Фаровон”-ин шаҳр, ки ба додарарӯси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон Хайрулло Саъдуллоев таъаллуқ дорад, баъди 12 рӯзи фаъолият аз басташавии аввал, дубора дарҳояшро қулф задааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки иҷорапулӣ аз тоҷирон то охири моҳ пурра ҷамъоварӣ карда шудааст.
Танҳо бахши фурӯши меваву сабзавоти ин бозор кор мекунад.
Қимати картошка, ки то 2 сомонӣ поён рафта буд, дубора ба 5 сомонӣ расида, арзонтарин қимати орд 280 сомон гуфта мешавад.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

