Thursday, April 23, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетГумпешво, «гуманизм” ва «гумпомош»

Гумпешво, «гуманизм” ва «гумпомош»

“Кӯмаки башардӯстонаи пешвои миллат”, ки ба сокинони чанд минтақаи кишвар фиристода шуд, шӯре дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт. Кӯшиши рейтингсозӣ ба хонаводаи раисҷумҳур аз ҳисоби кӯмакҳои хориҷӣ ба шикасти пурсадое мувоҷеҳ шуд. Мақомот на танҳо аз шармандагии Рустами Эмомалӣ дар азхудкунии кӯмаки Чин ва Озодаи Эмомалӣ дар “тӯҳфаи сад кат бо кӯрпачаву болиштӣ пахтагӣ” ибрат нагирифтанд, балки ба таблиғҳо идома дода, онро ба сатҳи “падар-пешво” бардоштанд.  

Ба назар мерасад имиҷмейкерҳои Эмомалӣ Раҳмон ё қасдан мехоҳанд обрӯи набудаи ӯро аз сатҳи фарш ҳам поинтар баранду шармандаи дунё созанд, ё то ҳаде ғайрикасбиву номутахассисанд, ки намедонанд “наҷотдиҳандаи сайёра”-ро ба шармандаи сайёра табдил медиҳанд. Ҳоло “гуманизм”-и раисҷумҳури Тоҷикистон, ки кӯмакҳои хориҷиро ба номи худ карда онро чун “ёрии башардӯстона”-и худаш муаррифӣ кард, ба расонаҳои хориҷӣ ҳам роҳ ёфта, бо суръат дар ҷаҳон паҳн мешавад. 

Дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ ин мавзӯъ ба як мем табдил шуда садҳо нафар онро ба ҳар шакле тафсир кардаанд. Ин ҳам чанд мисол:

: Ба назари ман ин мисли он аст, ки ман барои хонаводам як линча орд бихарам ва онро кумаки башардӯстона барои фарзандонам унвон кунам. 

Абдуманнон Шералиев (дар посухи Али Ализод): На, ба мисли ин аст, ки касе ба хонаводаи серфарзанди шумо 10 халта орд кӯмак кунад, шумо 9 халтаашро фурӯхта дар казино бой диҳеду як халтаашро аз номи худатон ба фарзандонатон чун кӯмаки башардӯстонаи падари ғамхору меҳрубон равон кунед.

: Дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандона ҳозир аз мағоза ду литр шир оварда, ба кӯдаконам ёрии башардӯстона расонидам.

: Дар мохи рамазон барои дастгирии наздикон як микдор «кӯмаки башардустона» фиристодам!

Ҳоло масъалаи ахлоқии ин масъала, яъне кӯмаки башардӯстона номидани маҳсулоте, ки ҳукумат ба шаҳрвандонаш мефиристад ва ба номи як нафар бастани онро ба дигарон вомегузорем. Аллакай чанд тафсир дар ин бора садо дод. Барои мисол раҳбари Паймони милли Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ гуфт “президенти ягон кишвар ба миллати худаш кумаки башардӯстона накардааст. Кумаки башардӯстонаро як хориҷӣ мекунад. Амрикоӣ, чинӣ ва ё русӣ ба мо агар кӯмак кард, ин мешавад кӯмаки башардӯстона.  Вақте кӯмакро аз номи президент мекунанд, пас ӯ худашро хориҷӣ ҳисоб мекунад. Пас ӯ дигар ҷузъи мо нест. Ӯ аллакай худашро аз миллат ҷудо кардааст. Вагарна, кадом президент ба миллат ва мардуми худаш кӯмаки башардӯстона кардааст?”

Мавзӯъ ин аст, ки ин “тӯҳфаҳо” ва “кӯмакҳои башардӯстона” то чӣ ҳад ба раисҷумҳур бастагӣ доранд ва воқеъан аз куҷо пайдо шудаанд. 

Ҳақи то ҳаде (бале, то ҳаде) ба Эмомалӣ Раҳмон нисбат додани ин кӯмакҳоро расонаҳо ва умуман ҳар касе, ки дар ин бора ҳарф мезанад, замоне пайдо мекунанд, ки он маҳсулот аз ҳисоби моҳонаи раисҷумҳур харида шуда бошанд. Зеро, ҳарчанд маъошаш ҳам, чуноне ки қаблан гуфта будем аз ҳад зиёд ва ғайриқонунист, ба ҳар ҳол маъош номида мешавад ва ба худаш ихтисос мегирад. 

Қаблан расонаҳои давлатӣ иттилоъ дода буданд, ки Раҳмон маъоши якмоҳаашро ба фонди махсуси Ситоди мубориза бо вируси коруно гузарондааст. Аммо мақомот мегӯянд то ҳол аз ин фонд ягон дирам масраф нашудааст. Яъне агар воқеъан раисҷумҳур маъоши якмоҳаашро ба ин фонд гузарондааст, пас он ҳамонҷо боқист ва ҷое масраф нашудааст. Пас ин “кӯмак”-у “тӯҳфа”-ҳо аз ҳисоби раисҷумҳур нестанд. 

Ин имкон ҳам вуҷуд дорад, ки онҳо аз ҳисоби фонди захиравии раисҷумҳур харида шуда бошанд. Ҳарчанд ин фонди қариб 400-миллионӣ ҳам комилан ғайриқонунист, як дирамаш ҳам аз ҳисоби раисҷумҳур несту пурра аз ҳисоби андози мардум таъмин мешавад, вале чун “фонди захиравии президент” номида шудааст, имкон дорад имиҷмейкерҳо бо истифода маҳз аз номи он, кӯмакҳоро чун “кӯмаки пешво” муаррифӣ кардаанд. 

Воқеъан Эмомалӣ Раҳмон бо як фармоне 12 миллион сомонӣ аз ин фонд барои мубориза ба COVID-19 ҷудо кард. Аммо ҳадафи он мушаххас буд — ба моҳонаи табибон илова кардани як моҳонаи дигар дар се моҳи оянда. Тибқи хабарҳои дарёфтии Паём, то ҳол табибон ин иловапулиро надидаанд, вале ин ҳам мавзӯъи баҳси дигар аст. Хулоса, “ёрии башардӯстонаи пешво” аз фонди захиравиаш ҳам ҷудо нашудааст. 

Пас ду гузинаи дигар боқӣ мемонад: ё ин “кӯмакҳо” аз ҳисоби буҷаи кишвар харида шудаанд, ё ҳамон кӯмакҳои хориҷианд, ки “пешво” мисли писару домодаш пуррӯёна (нагло) ба номи худаш сабт кардааст.  

Имкони аз пули буҷа будани ин кӯмакҳо ҳам кам аст. Зеро сарфи маблағи иловагӣ аз буҷа ё дигар кардани самти масрафи маблағе, бояд парлумон ба буҷа тағйирот ворид кунад. Дар ин авохир ҳеҷ тағйироте дар буҷаи кишвар сурат нагирифтааст. 

Дар шароите, ки то ҳол аз ҳеҷ кӯмаки хориҷие на ҳукумат, на ситод ва на шахси раисҷумҳур ҳисобот надодаанд, дуздидани кӯмакҳо, фурӯхтани онҳо ва ё аз номи касе ба мардум тӯҳфа кардан ҳеҷ мушкиле надорад. Тамоми кӯмакҳои то имрӯз ба Тоҷикистон расида ғайб задаанд. Ё ба таъбири Муҳиддин Кабирӣ онҳо ба “гумпомош”, яъне помоши гумшуда табдил шудаанд. 

Дуздии кӯмакҳои башардӯстона ва тақсими қисмати он аз номи худ аз тарафи писари раисҷумҳур Рустами Эмомалӣ, домодаш Шамсулло Соҳибов ва писари муҳофизаш Дилшод Саидзода аллакай ба қайд гирифта ва расонаӣ шуданд. Сӯистифода аз расонаҳои давлатӣ барои тарғиби “хайрхоҳӣ”, “ҳиммат” ва “мардумсолорӣ”-и аъзои оила низ: “Ҳадя”-и сад кати хоб ба беморхонаи ноҳияи Данғара аз ҷониби Озода Раҳмон се рӯз пайдарпай дар хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон “Ховар” нашр шуданд. 

Пас ягона роҳе, ки боқӣ мемонад ин аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои хориҷиро пуррӯёна ба худаш нисбат дода, онро (ё қисмате аз онро) аз номи худаш ба мардум тақсим мекунад ва бо истифода аз мансаби давлатӣ ин ҷинояти худро дар расонаҳои давлатӣ чун хайрхоҳӣ ва гуманизм ба намоиш мегузорад. 

Раисҷумҳуре, ки худаш ҳам аз замони шуйӯъи вируси коруно гум шудааст ва танҳо ду маротиба — як бор ба хотири табрик ба ғалабаи Артиши Шӯравӣ дар 75 соли қабл ва бори дигар баро гулчамбаргузорӣ дар пояи тандиси куштагони он ҷанги 80 сол қабл аз паноҳгоҳаш хориҷ шуд. 

Раисҷумҳуре, ки бо вуҷуди марги садҳо нафар, аз ҷумла наздик ба 40 табиб, даҳҳо генералу сарҳанг, даҳҳо кормнади баландпояи мақомоти давлатӣ, то ҳол на ба миллат ва на ба ҳеҷ хонаводае изҳори тасаллият накардааст. Дар ҳоле, ки гунаҳкори асосии шуйӯъи ин вируси кушанда шахси худаш аст. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular