Wednesday, April 22, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетУкроин ду иди мусалмониро давлатӣ мекунад

Укроин ду иди мусалмониро давлатӣ мекунад

Қарор аст рӯзҳои наздик раисҷумҳури Укроин қарореро имзо кунад, ки тибқи он ду иди бузурги мусалмонон — иди Фитр ва иди Қурбон идҳои давлатӣ дар ин кишвар эълон мешаванд. 

Раисҷумҳури Укроин Владимир Зеленский дар Рӯзи хотираи қатли оми тоторҳои Қрим эълон кард, ду иди бузурги мусалмонон дар Укроин давлатӣ мешаванд, хабар медиҳад “РБК Украина”. 

Дар ин бора Зеленский зимни вохӯриаш бо намонядагони тоторҳои Қрим хабар додааст.  

Гуфтанист, дирӯз 18 май дар Укроин ба хотири тоторҳое, соли 1944 зимни истирдод аз Қрим ҷон бохтаанд, рӯзи мотам буд. Раисҷумҳури Укроин гуфт, он рӯз дур нест, ки тоторҳо ва укроиниҳо ба хонаашон дар нимҷазираи Қрим бозгарданд. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular