Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетТоҷикистон —кишвари уникалие дар мубориза бо коруно ва бӯҳрон

Тоҷикистон —кишвари уникалие дар мубориза бо коруно ва бӯҳрон

Ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон дар айёми карантин ва аз кор мондани  ширкату корхонаҳо бо роҳҳои гуногуне мардумашонро дастгирӣ мекунанд. Кишварҳои пешрафта, мисли Амрико, Канада, Ҷопон, Туркия ва кишварҳои Аврупо, на танҳо моҳонаи онҳоеро, ки дар хона нишастаанд пурра пардохт мекунанд, балки ҷубронпулӣ ҳам медиҳанд. 

Кишварҳои на ҷандон пешрафта мисли қисмате аз моҳонаҳои шаҳрвандонашонро пардохт мекунанд, то касе бепул намонад. Кишварҳои мардумсолори ҷаҳони саввум ҳам ҳар қадаре метавонанд ба мардуми бекормондаи худ сабукиҳо, ҳади ақал дар пардохти андозу қарзҳои бонкӣ, ироа мекунанд.

Раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо як фармонаш чораҳои дастгирӣ аз бизнеси хурдро дар замони пандемии COVID-19 тасбит кард. Қарор аст ин чораҳо бизнеси хурдро аз варшикастагӣ наҷот диҳанд. 

Тибқи ин фармон субъектҳои бизнеси хурд, бозорҳову марокизи савдо, кафеву корхонаҳои нақлиёти умумӣ, варзишгоҳҳо ва шахҳои ҳуқуқие, ки ба кашонидани мусофирон, хидматрасонӣ, иҷорадиҳии иншоот ва ғайра машғуланд, аз 1 июн то 1 сентябри соли 2020 аз пардохти андози моликият ва андози замин озод карда мешаванд. 

Дастгирии давлатии корхонаву ширкатҳои хурд дар шакли лағвсозии маблағи андоз аз моликият ва андози замин барои моҳҳои апрел ва майи соли 2020, ки таъхири бефоиз дода шудааст ва ҳамчунин фоизҳову ҷаримаҳои ҷамъшуда аз андози замин ва андоз аз моликият, ки аз 1 январи соли 2020 ҷамъ шудааст, ироа мегардад.  

Ба ширкату корхонаҳои хурд, ки камтар аз як сол фаъолият доранд, ҳақи таъхири пардохти боҷи гумрукӣ ва андози аксизӣ зимни воридсозии молу коло, ба ҷузъ молҳои истеъмолӣ то 1 июли соли 2020 дода шудааст. Ин ширкату корхонаҳо ҳақ доранд пардохтҳои батаъхиргузошташударо давоми 120 рӯзи дигар ба хазинаи давлат ворид созанд.   

Аз 1 май то 1 июли соли 2020 андози иҷтимоӣ барои ин ширкату корхонаҳо, ба истиснои истеҳсолкунандагони маҳсулоти аксизӣ, корхонаҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ҳақи давлат дар он 50% ва бештар аз он аст, аз 12% ба 1% фароварда мешавад. Ситонидани қарзҳои андозӣ, фоизҳо ва ҷаримаҳои ҷамъшуда то 15 майи 2020 аз ширкату корхонаҳои хурд то 1 сентябр ба таъхир гузошта мешавад. 

Аз 1 июн дарёфткунандагони кӯмакпулиҳо барои фарзандони то 14 сола, кӯмакпулии нигоҳубини кӯдаки то 2 сола ва кӯмаки моддӣ 10% бештар мешавад.

Бонки марказии Ӯзбекистон супориш гирифтааст, ки то 1 октябри соли 2020 ба ҳама шахсони воқеъӣ ва ширкату корхонаҳое, ки аз ҷоришавии карантин зарар дидаанд, дар пардохти қарзҳояшон таътил дода шавад.  

 Дар ҷаҳон ҳамагӣ чанд кишвар боқӣ монда, ки дар ин бӯҳрони саросарӣ ба мардумаш кӯмаке ироа накардааст. Мисли Туркманистон, Кореяи Шимолӣ ва чанд кишвари ақабмондаи Африқо.  

Тоҷикистон ба рӯйхати ҳеҷ як кишварҳое, ки зикрашон рафт, шомил нест. На дар рӯйхати кишварҳои пешрафта, ки мардумашон аслан бӯҳронро эҳсос накардааст, на ба гурӯҳи дуввум, ки қисмате аз зарарҳои мардумашонро ҷуброн кардаанд, на ба гурӯҳи саввум, ки сабукиҳое дар пардохти қарзу андоз додаанд ва на ба гурӯҳи чаҳорум, ки аслан ҳеҷ кӯмаке ба мардумашон накардаанд.

Тоҷикистон тани танҳо дар як рӯйхат қарор дорад. Ҳукумати Тоҷикистон ягона ҳукуматест, ки мардумашро ҳангоми шадидтарин бӯҳрон ҳам ғорат мекунад ва тамоми масорифи вобаста ба мубориза ба вируси коруно ва бӯҳрони иқтисодиро ба дӯши мардум гузоштааст. 

Дар ҳоле, ки тамоми андозҳо барои семоҳаи аввал аллакай ҷамъоварӣ шудаанд, ҳоло мақомот аз соҳибкорон, ширкату корхонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ пардохти андози нимсолаи авалро талаб доранд. Паём дар ин бора дирӯз иттилоъ дода буд. 

Ҷои ин ки дар замони бӯҳрони шадид самти ин хароҷотро тағйир диҳад, дар бораи ба куҷо масраф шудани онҳо ба мардум ҳисобот пешниҳод кунад, ҳукумати Тоҷикистон фишорро болои марудм бештар кардаст, то хароҷоти мубориза бо COVID-19 ва бӯҳрони иқтисодиро низ аз мардум ситонад. 

Зеро бозбинии ин қисми буҷа тибқи таҳлили коршиносони Паём бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯст — тамоми бахши иҷроияи ҳукумати Тоҷикистон, сар аз худи раисҷумҳур бо он шадидан мухолифат хоҳад кард. Пулҳое, ки барои “фаъолиятҳои дигар” пешбинӣ шудаанд, аслан пулҳое ҳастанд, ки аз ҷониби мансабдорон дуздида мешаванд ва тамоми боигарӣ ва кару фари мансабдорони давлатӣ аз ҳамин ҳисоб аст. Табиист, ҳеҷ мансабдоре, ки мансабашро ба хотири ана ҳамин пулҳо аз 100 ҳазор то 5 миллион доллар харидааст, розӣ намешавад ин маблағҳо дар ихтиёри мардум қарор гираду ӯ аз манбаъи асосии даромадаш маҳрум шавад. 

Дар саргаҳи ин бизнеси бузург Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳур, раиси дастгоҳи иҷроия ва “киса”-и ӯ қарор дорад. Вазирону раисони кумитаҳо ҳаҷми маблағи азбуҷаҷудошаванда дар бахши “фаъолиятҳои дигар”-ро маҳз ба ҳамин хонум машварат мекунанд. Ҳар вазорату кумитае баргардонидани маблағи бештареро аз он ба кисаи духтари раисҷумҳур ваъда кард, саҳми бештаре дарёфт мекунад. Мо ҳатман рӯзҳои наздик ба ин масъала бармегардем ва  факту рақам, шарҳу тафсири бештаре ба хонандагон иора хоҳем кард. 

Мутаассифона на танҳо пулҳои дуздидашудаи буҷаи кишвар аз мубориза бо коруно ва бӯҳрони иқтисодӣ маъоф шудаанд. Бизнеси бузург, ки пурра дар дасти хонаводаи раисҷумҳур ва афроди наздик ба ин хонавода қарор дорад низ аслан ба ин маърака ҷалб намешавад. Чуноне ки қаблан гуфтем, Озода Раҳмоне, ки на камтар аз 5 миллиард доллари мардуму кишварро ғорат кардааст, дар ин маърака ҳамагӣ 5 ҳазор доллар дар шакли 100 кати хоб . Он ҳам маълум нест аз ҳисоби худаш ё кадом кӯмаки хориҷӣ. 

Ҳасан Асадуллозода, ки дар офшорҳо на камтар аз 10 миллиард доллар ҷамъоварӣ кардааст, то ҳол як сузандору ҳам ба бемористоне кӯмак накардааст. 

На танҳо хонаводаи расиҷумҳур, тамоми мансабдорони баландпояи Тоҷикистон, ки садҳо миллион ва ҳатто миллиардҳо сармоя доранд, аз ин маърака канор мондаанд. Ҷои ин мақомот аз соҳибкорони хурду миёна, хоҷагиҳои деҳқонӣ, савдогарони бозору дӯконҳо охирин сомониҳояшонро бо зӯр мегиранд. Дар ҳоле, ки мусодираи молу амволи як вазири дузд метавонад баробар ба тамоми андози семоҳаи ин бечораҳо ба буҷа маблағ ворид кунад. 

Минбаъд то ҳади имкон мо “бизнес” ва сармояи тамоми онҳоро, сар аз хонаводаи раисҷумҳур то вазирону мансабдорони сатҳи миёна ифшо ва манзури хонандагону ҳукумати кишвар хоҳем кард, то ҳамагон бидонанд, ки барои мубориза бо вируси коруно ва камтар кардани таъсири бӯҳрони иқтисодӣ аз куҷо мешавад маблағ пайдо кард. Ва аз таҳлилгарону хонандагони огоҳ хоҳиш мекунем дар ин ифшогарӣ ба мо кӯмак кунанд

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular