Tuesday, April 14, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетСардухтури беморхонаи “Тибби Хатлон” бо писари духтараш мубталои коруно шуд

Сардухтури беморхонаи “Тибби Хатлон” бо писари духтараш мубталои коруно шуд

Сардухтур ва молики беморхонаи шахсии “Тиби Хатлон” Файзалӣ Шарипов ҳамроҳ бо писару духтараш ба вируси корнуо мубтало шуда, дар беморхонаи худаш бистарӣ шудаанд. Баъди дар ихтиёри беморон қарор додани беморхонааш, мақомот дар идомаи сохтмони бинои нави беморхона ба ӯ кӯмак мекунанд.

Манбаъи Паём мегӯяд вазъи саломатии Шарипов миёна арзёбӣ мешавад ва тахмин меравад зимни табобати беморон худаш ҳам гирифтор шудааст.

Ҳамчунин тибқи иттилоъи манбаъ, бинои нимасохти бахше аз беморхонаи шахсии Шарипов бо суръат бунёд мешавад. Баъди розигии ӯ ба қабул ва табобати беморони гирифтори COVID-19 мақомоти вилоят ба сохтмони бинои нав ба Шарипов кӯмак мекунанд.

Қаблан дар дарёфти иҷозаи идомаи сохтмон баъди манъи мақомоти вилоятӣ Сардухтури беморхонаи шахсии “Тиби Хатлон” ба мушкил муҷаоҷеҳ шуда буд. 

Гуфта мешавад Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур дар идомаи ин сохтмон монеъа эҷод мекард. Сабаби ин “номешрубонӣ”-и домоди раисҷумҳур дақиқ нест, аммо бархеҳо мегӯянд Шарипов аз ба ихтиёри Шамсулло Соҳибов гузоштани исмате аз саҳмияи беморхонаи шахсиаш худдорӣ кардааст. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular