Теъдоде аз пизишкони тоҷик дар хориҷ ва дохили Тоҷикистон як моҳи карантини шадидро барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона дар кишвар пешниҳод карданд.
Дар мизи гирде, ки бо ҳузури шаш пизишки тоҷики муқими Россия, Сербистон ва Тоҷикистон аз тариқи фазои маҷозӣ ва бо мусоидати ширкати телевизионии Азия баргузор шуд, тарҳи якмоҳаи карантини шадиди саросарӣ дар Тоҷикистон ироа гардид.
Қамариддин Ҳисомов пизишки тоҷики муқими Русия, ки ба дармони беморони мубтало ба вируси корона машғул аст, таъкид кард, ки бидуни иҷрои карантини шадид имкони ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
Зиёратшоҳ Қодиров пизишки муқими Русия низ гуфт, барои сокинони Тоҷикистон яке аз роҳҳои шиносоии афроди олуда ба вируси корона ин канорагирӣ аз ҷамъият ва карантини шадид мебошад.
Умар Азизов пизишки тоҷики муқими Сербистон ҳам ки бо беморони мубтало ба вируси корона сарукор дорад гуфт, бидуни иҷрои карантин ба муддати як моҳ дар Тоҷикистон наметавон дар раванди муқобила бо ин бӯҳрон муваффақ буд, зеро дар аксари ҳолатҳо нафарони мубталошуда, гирифтор шудани худро намефаҳманд ва бидуни озмоиш намешавад вуҷуди вируси коронаро тайид кард.
Дар поёни ин нишаст Гавҳар Саидмуродова мутахассиси бемориҳои уфунии кӯдакон дар Вазорати тандрустии Тоҷикистон гуфт, ки тарҳи эъмоли як моҳ карантини шадид дар кишвар ба манзури пешгирӣ аз густариши вируси коронаро расман ба ҳукумат ироа хоҳад кард.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

