Як марди 44-сола баъди ду ҳафати мубориза бо коруно дар бунгоҳи тиббии зиндони рақами 1-и шаҳри Душанбе дирӯз ба шаҳодат расидааст.
Тоҳиров Шоҳазиз сокини 44-солаи ноҳияи Ҳисор дар зиндони №1 аз коруно даргузашт. Тибқи иттилоъи манбаъи Паём ҷанозаи ӯ то дирӯз бегоҳ аз зиндон хориҷ нашуда буд.
Шумори бистариёни ҳолашон вазнин, ки дар бунгоҳи тиббии ин зиндон табобат мегиранд, наздик ба 70 нафар гуфта мешавад.
Аммо дар берун аз бунгоҳ ҳам садҳо нафари дигар гирифтори COVID-19 буда, ба худтабобаткунӣ машғуланд. Танҳо онҳое ба бунгоҳ қабул карда мешаванд, ки вазъи саломатиашон вахим шавад.
Қаблан Паём аз дар ин зиндон бар асари коруно хабар дода буд.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

