Артиши Либия се сомонаи падофанди ҳавоии “Пантсир” сохти Русия мутааллиқ ба шибҳинизомиёни халифа Ҳафтарро дар шаҳри Тарҳуна мунҳадим кард.
Сарҳанги Муҳаммад Қонунӣ, сухангӯи артиши Либия тайи баёнияе эълом кард: Аз шаби гузашта то кунун воҳидҳои тӯпхонаӣ ва паҳподи мусаллаҳи артиши кишварамон мавозеъи шибҳинизомиён Ҳафтар дар шаҳрҳои Тарҳуна ва Сартро ҳадаф қарор додаанд.
Қонунӣ дар идома гуфт: Дар пайи ин ҳамалот се сомонаи падофанди ҳавоии “Пантсир”-и сохти Русия мунҳадим шуданд.
Гуфтанист, ки бомдоди имрӯз низ як сомонаи падофанди ҳавоии “Пантсир”-и сохти Русия тайи амалиёти ҳавоии артиши Либия, ки ба он Туркия кӯмак мекунад, дар шаҳри Тарҳуна мунҳадим шуд.
Бад-ин тартиб тайи ҳашт соати гузашта дар маҷмӯъи 4 сомона падофанди ҳавоии “Пантсир”-и сохти Русия, ки Амороти муттаҳидаи арабӣ барои шибҳинизомиёни халифа Ҳафтар таъмин карда буд, мунҳадим шуданд.
Сообщение ПАЁМ.net.
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

