Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетБеш аз 400 бемор дар зиндони №3. 47 нафар дар ҳолати вазнин

Беш аз 400 бемор дар зиндони №3. 47 нафар дар ҳолати вазнин

Дар зиндони рақами 3-и пойтахт, воқеъ дар маҳаллаи маъруф бо “1-ум Советский” ҳудуди 400 нафар маҳбус гирифтори вируси коруно ҳастанд. Ҳолати 47 нафар вазнин арзёбӣ мешавад.

Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, вируси коруно дар зиндони рақами 3 мисли зиндони рақами 1 босуръат паҳн мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар бунгоҳи тиббии ин зиндон 47 маҳбуси ҳолаташон вазнин бистарӣ ҳастанд.

Дар умум ҳудуди 400 нафар маҳбусон гирифтори COVID-19 буда, бу бунгоҳи тиббӣ танҳо онҳое қабул карда мешаванд, ки вазъи саломатиашон вазнин мегардад.

Қаблан манбаъи Паём дар зиндони рақами 3-и пойтахт рӯзи 10 май ду нафар аз гирифтори ба COVID-19 ба шаҳодат расиданд. Ҳолати се нафари дигар хеле вазнин арзёбӣ мешуд. Он замон, яъне 10 рӯз қабл шумори гирифторон дар ин зиндон ҳудуди 150 нафар гуфта мешуд, ки 34 нафарашон бо вазъи бад дар бунгоҳи тиббии он бистарӣ шудаанд. Шумори умумии ҷонбохтагон аз коруно дар ин зиндон бошад 6 нафар ҳисоб мешуд. 

Сообщение ПАЁМ.net.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular