Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҚурбон Маннонов- раиси бахши ҲНИТ-и Норак дар зиндон ба шаҳодат расид

Қурбон Маннонов- раиси бахши ҲНИТ-и Норак дар зиндон ба шаҳодат расид

Қурбон Маннонови 75 сола, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳраки Норак, дар зиндони рақами 1-и “Советский” имшаб ба шаҳодат расид

Гуфта мешавад тӯли чанд рӯзи охир вазъияти саломатиаш ваҳим буда гоҳ гоҳ хун қайъ мекардааст. Чандин маротиба хоҳиши интиқол доданаш ба беморхонаро кардааст, вале ин хоҳиши уро масъулини зиндон ба инобат нагирифтаанд.

Қурбон Маннонов рӯзи 19 августи соли 2015 аз ҷониби мақомоти интизомии шаҳри Норак боздошт шуда буд. То рӯзи 28 август на вакили дифоъ ва на хешону наздиконаш огаҳӣ надоштанд, ки ӯ чӣ гуноҳ дорад. Дар суханрониҳояш аз минбари ҲНИТ ӯ чандин маротиба изҳор дошта буд, ки ӯро ба КДАМ даъват кардаву талаб кардаанд, ки аз сафҳои ҲНИТ хориҷ шавад. КДАМ чандин бор таҳдид карда буд, ки дар сурати аз ҲНИТ хориҷ нашуданаш, метавонанд бо ҷурмҳои сохта ҳабсаш мекунанд. Аммо Қурбон Маннонов, дар як изҳороташ гуфта буд, ки

то ҷон дар тан дорам узви ҳамин ҳизб ва хидматгори Ислом мемонам!

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 17-уми феврали соли 2016 ҳукми худ нисбати 13 тан аз сокинони шаҳри Норакро, ки барои барафроштани парчами гурӯҳи “Давлати исломӣ” муттаҳам мешуданд, эълон кард, ки аз 10 то 25 сол ҳукми зиндон гирифтанд.  Дар байни ин 13 нафар яке аз онҳо пирамарди 75 сола Қурбон Маннонов буд. Қурбон Маннонов ин иттиҳомро рад карда гуфта буд,

ман ба ҳеҷ ваҷҳ аз ин кор огоҳ ҳам набудам ва ширкат ҳам накардаам. Ин як мазҳакаи сохтаи мақомоти амниятист!!!

Яке аз сабабҳои боздошт ва ҳукми сангини Қурбон Манноновро дар он медонанд, ки ӯ ҳозир нашуд раисҷумҳури Тоҷикистонро “Ҷаноби олӣ” номад ва дар баромадҳояш ҳам зикр мекард, ки ҳаргиз ин корро нахоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумотҳои ба мо расида, вазъи саломатии Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода рӯзноманигори машҳур, собиқ сардабири ҳафтаномаи “Наҷот” дар беморхонаи боздоштгоҳи КДАМ низ ниҳоят нигаронкунанда будааст. Духтури боздоштгоҳ ба масъулин гуфтааст, ки ҳолати Сайфуллоҳзода ниҳоят ваҳим аст, бояд ба беморхона интиқол дода шавад, вале то ба ҳол Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода дар ҳолати вазнин дар беморхонаи боздоштгоҳ қарор дорад.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика