Saturday, May 17, 2025
ads
HomeХабарҳоТоҷикистон дар феҳрести кишварҳое омадааст, ки саёҳат хатарнок аст

Тоҷикистон дар феҳрести кишварҳое омадааст, ки саёҳат хатарнок аст

Ширкатҳои сайёҳии International SOS ва Control Risks чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Ӯзбакситон Туркманистон ва Қирғизситон ба феҳрести давлатҳое шомил намуд, ки саёҳат ба ин қаламрав бо хатарҳо тавъам аст.
Ин ширкатҳо дар натиҷаи як назарсанҷӣ дар байни сайёҳон ба хулосае омадаанд ва алоқамандони саёҳатро ҳушдор додаанд, ки пеш аз сафар дар соли 2017 ба ин кишварҳо хубтар фикр кунанд. Аммо Қазоқистон аз нигоҳи ин ниҳодҳо кишваре ба шумор меравад, ки хавфу хатар рӯз аз рӯз боло мегирад ва ба амнияту ҷони сайёҳон хатар эҷод месозад. Гуфта мешавад, ки дар ин кишварҳо хадамоти стомотологӣ ё дандонпизишкӣ ривоҷ накардааст, аммо хидматрасонӣ дар ин соҳа арзон ва аз нигоҳи ихтисосӣ сифати паст доранд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки доруворе, ки пизишкон ҳангоми зарурат тавсия мекунанд, тақаллубӣ ва ё сифати паст доранд, ки метавонад ба сиҳатии шахси сайёҳ таъсири манфӣ бирасонанд. Ба ҷуз ин ба сайёҳон дар ин кишварҳо бемориҳои сироятӣ, аз қабили вабову зардпарвин таҳдид мекунанд.
Ширкатҳои ҷаҳонгардии International SOS ва Control Risks аз байни тамоми мамлакатҳои дунё саёҳат ба 16 кишварро хеле хавфнок ҳисобидаанд ва дар ин феҳрест номи Афғонистон ҳамсоя низ омадааст. Аммо дар ин рӯйхат ягон кишвари собиқ Шӯравӣ шомил нагардидааст. Эҳтимоли ҳуҷумҳои террористӣ, вуҷуд доштани вируси Зика, бетартибиҳои оммавӣ, хадамоти номақбули тиббӣ ва вазъи хароби роҳҳою эҳтимоли ба вуҷуд омадани садамаҳои ногаҳонии нақлиётӣ аз ҷумлаи он авомиле ба шумор мераванд, ки марокизи мазкур кишварҳои дунёро аз ин нигоҳ омӯхтаанд ва хулосаҳои худро баён доштаанд.
72 дарсади пурсидашудагон таъйид намудаанд, ки дар муддати як соли рафта саёҳат кардан назар ба солҳои пеш бештар ба хатарҳои ногаҳонӣ моил гардидааст.
Аммо коршиносон ба ин назаранд бештари ширкатҳое, ки ба раддабандӣ машғуланд, бо фармоиш кор мекунанд. Чун кишварҳои ОМ дар ҷалби сайёҳон фаъол шудаанд, имкон дорад ин раддабандӣ бо фармоиши кишварҳои рақиб сохта шудааст,ё ин ширкатҳо мехоҳанд аз кишварҳои осиёимиёнагӣ маблағ ба даст оранд.
Мақомоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегуянд, ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз ҳисоби вуруди гардишгарони хориҷӣ ба ин ҷумҳурӣ, ба буҷаи ҳукумати ин кишвар, 82 миллион доллар даромад ворид шудааст.Тоҷикистон дар феҳрести кишварҳое омадааст, ки саёҳат хатарнок аст
Ширкатҳои сайёҳии International SOS ва Control Risks чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистон, Ӯзбакситон Туркманистон ва Қирғизситон ба феҳрести давлатҳое шомил намуд, ки саёҳат ба ин қаламрав бо хатарҳо тавъам аст.
Ин ширкатҳо дар натиҷаи як назарсанҷӣ дар байни сайёҳон ба хулосае омадаанд ва алоқамандони саёҳатро ҳушдор додаанд, ки пеш аз сафар дар соли 2017 ба ин кишварҳо хубтар фикр кунанд. Аммо Қазоқистон аз нигоҳи ин ниҳодҳо кишваре ба шумор меравад, ки хавфу хатар рӯз аз рӯз боло мегирад ва ба амнияту ҷони сайёҳон хатар эҷод месозад. Гуфта мешавад, ки дар ин кишварҳо хадамоти стомотологӣ ё дандонпизишкӣ ривоҷ накардааст, аммо хидматрасонӣ дар ин соҳа арзон ва аз нигоҳи ихтисосӣ сифати паст доранд.
Ҳамчунин гуфта шудааст, ки доруворе, ки пизишкон ҳангоми зарурат тавсия мекунанд, тақаллубӣ ва ё сифати паст доранд, ки метавонад ба сиҳатии шахси сайёҳ таъсири манфӣ бирасонанд. Ба ҷуз ин ба сайёҳон дар ин кишварҳо бемориҳои сироятӣ, аз қабили вабову зардпарвин таҳдид мекунанд.
Ширкатҳои ҷаҳонгардии International SOS ва Control Risks аз байни тамоми мамлакатҳои дунё саёҳат ба 16 кишварро хеле хавфнок ҳисобидаанд ва дар ин феҳрест номи Афғонистон ҳамсоя низ омадааст. Аммо дар ин рӯйхат ягон кишвари собиқ Шӯравӣ шомил нагардидааст. Эҳтимоли ҳуҷумҳои террористӣ, вуҷуд доштани вируси Зика, бетартибиҳои оммавӣ, хадамоти номақбули тиббӣ ва вазъи хароби роҳҳою эҳтимоли ба вуҷуд омадани садамаҳои ногаҳонии нақлиётӣ аз ҷумлаи он авомиле ба шумор мераванд, ки марокизи мазкур кишварҳои дунёро аз ин нигоҳ омӯхтаанд ва хулосаҳои худро баён доштаанд.
72 дарсади пурсидашудагон таъйид намудаанд, ки дар муддати як соли рафта саёҳат кардан назар ба солҳои пеш бештар ба хатарҳои ногаҳонӣ моил гардидааст.
Аммо коршиносон ба ин назаранд бештари ширкатҳое, ки ба раддабандӣ машғуланд, бо фармоиш кор мекунанд. Чун кишварҳои ОМ дар ҷалби сайёҳон фаъол шудаанд, имкон дорад ин раддабандӣ бо фармоиши кишварҳои рақиб сохта шудааст,ё ин ширкатҳо мехоҳанд аз кишварҳои осиёимиёнагӣ маблағ ба даст оранд.
Мақомоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегуянд, ки дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ аз ҳисоби вуруди гардишгарони хориҷӣ ба ин ҷумҳурӣ, ба буҷаи ҳукумати ин кишвар, 82 миллион доллар даромад ворид шудааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика