Wednesday, April 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетНишасти маҷмаъи СММ онлайнӣ баргузор мешавад

Нишасти маҷмаъи СММ онлайнӣ баргузор мешавад

Раиси Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълом кард: Нишасти ояндаи ин маҷмаъ, нахустин бор дар таърихи ин ниҳод, ба далели хурӯҷи корнавирус, ба сурати маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Тиҷани Муҳҳаммад-Банда, раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба кишварҳои узви ин созмон эълом кард:

Замони нишасти соли 2020-и ин маҷмаъ, ҳамчунон 22 то 29 сентябр таъин шуда ва бар асоси барномаи ҷадид, суханрониҳои аз пеш забтшудаи сарони ҷаҳон пахш хоҳад шуд.

Муҳаммад-Банда афзуд: Кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бояд  файли суханронии раисони ҷумҳурӣ, нахуствазирон, вазирони давлат  ё сафирони кишварҳо дар ин созмонро, ҳадди ақал панҷ рӯз пеш аз нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ирсол кунанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular