Wednesday, April 29, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетПаноҳҷӯи истирдодшуда ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Паноҳҷӯи истирдодшуда ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбуллоҳ Шовализода, ки дар Утриш боздошт ва 5-уми март ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Мурофиаи ӯ махфӣ эълон шуда, бидуни ширкати наздиконаш дар боздоштгоҳ баргузор шуд. тафсилоте дар бораи мурофиъа ва ҳукм аз тарафи Додгоҳи Олии Тоҷикистон дода нашудааст. 

Шовализодаи 29-сола ба чанд ҷурм, аз ҷумла узвият дар Ҳизби наҳзати исломӣ, хиёнат ба давлат ва ғайра муттаҳам мешавад. Мақомоти ҲНИТ мегӯянд Шовализода ҳеҷ гоҳ узви ин ҳизб набудааст. 

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 5 март хабар дод шаҳрванди Тоҷикистон Ҳизбулло Шовализода ҳамчун узви Ҳизби  наҳзати исломӣ ба Тоҷикистон оварда шуд. Мақомоти тоҷик истирдоди Шовализодаро натиҷаи «ҳамкориҳо бо кишвари Утриш» номида буданд.

Баъди боздошт ва ҳукми истирдоди гуруҳе аз паноҳҷӯён ва фаъолони мухолифони тоҷик рӯзи 2 март дар шаҳри Вена ҷамъ омада, аз мақомоти Австрия хостанд, ки Шовализодаро ба Душанбе истирдод накунанд. Онҳо мегуфтанд, дар сурати бозпас фиристодани ӯ ба Душанбе ӯро шиканҷаву зиндон интизор аст.

Шовализодаи 29-сола дар Тоҷикистон ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад. Худаш ин иддаоҳоро рад карда ва ба мақомоти Австрия барои гирифтани ҳаққи паноҳандагӣ муроҷиат кардааст. Дар видеои гирдиҳамоӣ, ки фаъолони мухолифон дар Фейсбук нашр кардаанд, дида мешуд, ки чанд нафаре аз онҳо баландгӯ аз мақомоти Австрия мехоҳанд, Шовализодаро ба Душанбе нафиристанд.

Мақомоти Тоҷикистон даъво доштанд, ки дар бораи гунаҳкор будани Ҳизбулло Шовализода ба мақомоти Австрия далелҳо пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, номбурда чаҳорумин нафар аст, ки бо дархости онҳо ба Тоҷикистон истирдод шудааст.

Абдуллоҳ Шовализода, падари Ҳизбуллоҳ Шовализода, 12-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «муфаттиш рӯзи чаҳоршанбе занг зад ва аз ҳукми фарзандам хабардор кард. Гуфт, ӯро 20 сол аз озодӣ маҳрум кардаанд.»

Ӯ гуфта, ки ба мурофиаи писараш «даъват нашудааст» ва намедонад, ӯро расман ба чӣ гунаҳкор карданд: «Аз моҳи март, ки Ҳизбуллоҳ ба Тоҷикистон оварда шуд, фақат як дафъа бо ӯ дар боздоштгоҳи рақами 1 мулоқот кардам, тамом. Аз саломатиаш шикоят надошт. Дигар чизеро намедонем».

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular