Friday, April 24, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетШурӯъи парвозҳои байналмиллалӣ аз Ӯзбекистон

Шурӯъи парвозҳои байналмиллалӣ аз Ӯзбекистон

Шурӯъ аз имрӯз, 15 июн Ӯзбекистон парвозҳои байналмиллалиро аз сар мегирад. Парвозҳо асосан бо кишварҳое барқарор мешаванд, ки вазъи муътадили беҳдоштиву эпидемиологӣ доранд.

Ин тасмимро Комисияи вижаи ҷумҳуриявии Узбекистон қабул кардааст.

Вуруд ва хуруҷ ба афроди зер иҷозат мешавад:

кормандони намоянадгиҳои дипломатӣ ва консулгарии кишварҳои хориҷӣ ва аъзои хонаводаи онҳо;

мутахассисони ширкатҳои хориҷие, ки дар Узбекистон фаъолият мекунанд;

касоне, ки қасди табобат доранд;

афроде, ки нияти дидорбинии наздикони беморашонро доранд;

касоне, ки тавассути Узбекистон қасди сафар ба кишвари севумро доранд;

афроди хориҷие, ки дар Узбекистон қайди ҷои зист доранд.

Ба ҷуз ин, аз Узбекистон ҳамчунин мешавад, барои таҳсил ва ё кор ба кишварҳои дигар парвоз кард.

Парвозҳое ки аз Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин ба Узбекистон анҷом мешаванд, «сабз» унвон шуда ва касоне, ки аз ин кишварҳо вориди Узбекистон мешаванд, аз карантин озод ҳастанд.

Парвозҳои Иттиҳоди Аврупо, Малайзия, Таиланд ва Сингапур «зард» унвон ва мусофирони ин кишварҳо 14 ба карантини хонагӣ гирифта хоҳанд шуд.

Парвозҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Туркия, Эрон, Афғонистон, Русия ва кишварҳои боқимонда «сурх» баҳо дода шуда, мусофирони ин самтҳо ба карантини ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular