Thursday, May 15, 2025
ads
HomeХабарҳоҚиссаи як дуъо ва эътирофи КДАМ ба золимии Эмомалӣ Раҳмон

Қиссаи як дуъо ва эътирофи КДАМ ба золимии Эмомалӣ Раҳмон

Як имоми масҷид, ки баъдан бо сабаби ҳамин дуъояш аз имоматӣ барканор шудаву зери таъқиби КДАМ қарор гирифтааст, ин қиссаро нақл кард.
Дар яке аз намозҳои ҷумъа ӯ дуъо мекунад, ки “Худовандо, золимонро худат саришта кун, агар лоиқи ҳидоятанд, ҳидояташон кун ва агар лоиқи ҳидоят нестанд, тезтар ба бадтарин азоб гирифторашон кун ва аз шаррашон мусалмононро наҷот деҳ”.
Баъди анҷоми намози ҷумъа билофосила ба ӯ аз КДАМ занг мезананд ва амр мекунанд, ки зуд ба идораи онҳо ҳозир шавад.
Онҷо аз ӯ мепурсанд, ки “имрӯз дар намози ҷумъа чӣ дуъо кардӣ?” Посух мегӯяд, ки ҳамон дуъое, ки ҳар вақт мекардам. Масъули КДАМ мегӯяд, “не, дар ҳаққи Ҷаноби олӣ чӣ дуъо кардӣ?”. Имом мегӯяд, ки дар ҳақи ӯ дуъо накардааст. Масъул сабти дуъоҳояшро мегузорад ва ҳамонҷое, ки дар ҳаққи нобудии золимон дуъо карда буд, бозмедораду мегӯяд “пас ин дар ҳақи кӣ аст?” Имом мегӯяд “охир ман дар ҳақи золимон дуъо кардам, Ҷаноби олӣ чӣ дахл дорад?” Масъули КДАМ даст ба миз мезанаду мегӯяд, ки “ не п.зди, баъд дар ҳамин Тоҷикистон мо чанд золим дорем? Ҷаноб золим набошад, баъд кӣ золим аст?”
Эътирофи зулми Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест. Масъулони давлатӣ воқеъан эътироф мекунанд, ки ӯ золим аст, вале бо вуҷуди ин аз ӯ дифоъ мекунанд. Ва бештари онҳо инро тақозои замон медонанд. Мисли ҳамон қозии Зайд Саид, ки баъди эълони ҳукм аз пайвандонаш узр хоставу гуфтааст, ки “аз мо наранҷед, фармон аз боло буд, тақозои замон ҳамин аст.”

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика