Thursday, April 16, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетҲинду Русия пойгоҳҳояшонро дар ихтиёри ҳамдигар мегузоранд

Ҳинду Русия пойгоҳҳояшонро дар ихтиёри ҳамдигар мегузоранд

Ҳинд таҳияи созишномаи лоҷистикаи муштарак дар соҳаи мудофиаро, ки метавонад дастрасии бемонеаро ба пойгоҳҳои низомӣ ва иншооти такягоҳии Русия ва Ҳинд  таъмин намояд, ба анҷом мерасонад.

Тавре Economic Times хабар медиҳад, ғайр аз ин, дар доираи созишномаи эҳтимолӣ мумкин имконияти дар қаламрави ҳамдигар ҷойгиркунии теъдоди муайяни сипоҳ пешбинӣ гардад. Ҳинд, аллакай, чунин созишнома бо Иёлоти Мутаҳидаи Амрико, Франсия ва Австралия дорад ва музокироташ бо Ҷопон аз ин хусус дар арафаи анҷомёбист.

Созишномаи номбурда дар марҳилаи баррасӣ қарор дошта, эҳтимол дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Ҳиндустон, ки охири сол дар назар аст, ба тасвиб расад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular