Имрӯз дар Тоҷкистон иди Парчами миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Қарор аст дар роҳпаймоии идона 4-5 ҳазор донишҷӯ ҷалб карда шаванд.
Фурӯши парчамҳо ҳам дар мағозаҳои Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон воситаи хуби даромади 2-3 рӯза ба фурӯшандаҳо гаштаанд. Шояд барои фабрикаҳои истесоли матоъ ҳам истеҳсоли парчам воситаи даромад мешуд, агар… истеҳсоли парчам инҳисорӣ (монополия) намешуд.
Сар аз соли гузашта, ворид кардани парчами Тоҷикистон аз хориҷ манъ аст. Дар ин кор ҳатто Тоҷикстандарт дахолат кардааст ва парчамҳои “сифаташон паст”-и чиниро аз фурӯш боздоштааст. Аммо тибқи маълумоти онҳое, ки барои фурӯши парчамҳои чинӣ ва ҳатто сифатноки туркӣ ҷарима шудаанд, “сифати паст” дар стандарти Тоҷикстандарт аз сифати пасти маъмулӣ каме фарқ мекунад. ҳар чӣ аз хориҷ шудааст (аниқтараш аз Чину Туркия) “сифати паст” дорад.
Албатта ин кори Тоҷикстандартро мешуд як иқдоми ватандӯстона барои дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ гуфт, агар истеҳсоли онро дар ватан ҳам манъ намекарданд. Истеҳсоли парчам дар Тоҷикистон ҳам манъ аст… ба ҷузъ барои як фабрика.
Як соҳибкоре, ки бо сабаби маълум нахост номаш зикр шавад, мегӯяд соли гузашта мехост аз истеҳсоли парчам даромади хуб гирад ва як моҳ қабл аз рӯзи парчам ба истеҳсоли он шурӯъ кард. Сифаташ ба гуфтаи худаш аз сифати он парчамҳое, ки дар мағозаҳои кишвар фурӯхта мешаванд, бамаротиб беҳтар будааст. Аммо баробари оғози фурӯш мушкилоташ оғоз шудаанд. Аввал Тоҷикстандарт, баъд ҳатто ВКД-ву додситонӣ ба тафтиши сифати парчамҳояш оғоз намуда, билохира пофишорияш боис шудааст, ки на танҳо аз парчамфурӯшӣ, ҳатто аз фабрикааш маҳрум шавад.
Аз ин ки дар мақомоти баланди давлатӣ ба фурӯши парчам дахолат мекунанд ва ҳатто раиси пойтахти кишвар бо як фармон овехтани он дар фарози хонаҳои шаҳрвандонро ҳатмӣ кардааст, мешавад хулоса кард, ки молики бизнеси “парчамфурӯшӣ” ҳам нафари хурде нест.