Friday, May 16, 2025
ads
HomeХабарҳоЯке аз нахустин маҳбуси сиёсии Узбакистон озод шуд

Яке аз нахустин маҳбуси сиёсии Узбакистон озод шуд

Самандар Қӯқанов, яке аз нахустин мухолифони ҳукумати Узбакистон, ки зиндонӣ шуда буд, 24 ноябр баромадааст. Тавре пайвандони Қӯқанови 72-сола мегӯянд, парвандаи охири вай бекор шудааст.

Самандар Қӯқанов, рӯзи озодӣ аз маҳбас

Ин мухолифи узбак 2 июли соли 1993 бо айби исрофкорӣ дар моли давлат зиндонӣ шуда буд.

Дар асл муҳлати зиндони вакили собиқи порлумон ва раиси корхонаи коркарди нафти Чинози Узбакистон Самандар Қӯқанов, ки 23 солу 4 моҳ дар зиндон нишаст, 6 октябр ба охир расида буд.

Аммо бар ивази раҳоӣ аз зиндон, додгоҳи вилояти Навоии Узбакистон тибқи ду моддаи кодекси ҷиноӣ ба ҳукми Қӯқанов 5 солу 3 рӯзи дигар зам кард.

Қӯқанов соли 1989 ҳамроҳ бо Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи феълии вазифаи президенти Узбакистон вакили порлумон интихоб шуда буд. Пайвандон ва ҳамсафони Қӯқанов мегӯянд, вай бо фармони бевоситаи Ислом Каримов зиндонӣ шудааст. Ин мухолифи узбак дар таърихи муосири узбакистон тӯлонитарин муҳлати зиндонро пушти сар кардааст.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика