Friday, April 17, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетЧин ҳам аз сабти воксини коруно хабар дод

Чин ҳам аз сабти воксини коруно хабар дод

Мақомоти чинӣ аз сабти нахустин воксини зидди корунои сохти ин кишвар хабар доданд.

Ин ваксинаро, ки «Ad5-nCoV» ном дорад ширкати дорусозии «Кон Сину»-и Чин тавлид карда ва дар даҳуми августи 2020 онро ба таъйид ва сабт расондааст.

Тибқи иттилоияе, ки дар вебгоҳи Созмони миллии моликияти маънавии Чин мунташир шудааст дар сурати густариши дубораи вируси корона дар ин кишвар, тавлиди анбӯҳи ин ваксина метавонад дар муддат замон кӯтоҳ анҷом шавад.

Ширкати дорусозии «Кон Сину» рӯзи душанбе 17 август дар баёнияе эълом кард, сабти ин ваксина, асарбахшӣ ва эминии онро таъйид карда ва ҳуқуқи моликияти маънавии онро нишон медиҳад.

Ин ширкат дар иттилоияи худ афзудааст, ки марҳилаи севум ва ниҳоии озмоиши болинии ин ваксина, ки дар Мексика ва Арабистон дар ҳоли анҷом аст, ба суръат пеш меравад ва музокира бо Русия, Бразилия ва Чили барои анҷоми озмоишҳои марҳилаи севуми болинӣ дар ин кишварҳо оғоз шудааст.

Русия низ ҳафтаи гузашта аз сабти нахустин ваксинаи коронаи тавлиди худ хабар дод.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular