Эмомалӣ Раҳмон, як депутати курсипуркун ва ба мардум ношиноси Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ бо амри тасодуф ба курсии қудрат такя зад. Ӯ тавассути яроқ ва бо дастгирии бевоситаи қумондони саҳроии Фронти Халқӣ ва ҷинояткори собиқадор Сангак Сафаров, ҳамчунин розигии сарони Узбекистону Русия, ки ба шикастхӯрии Иттиҳоди Мухолифини Тоҷик ҳавсманд буданд, сари қудрат омад. Ӯ ҳамеша Тоҷикистонро тариқи зӯрӣ идора кардаву конститутсия ва қонунгузориро бар нафъи ҳукумати худ тағъир дода омадааст. Ягон интихоботи дар давраи раҳбарии ӯ дар кишвар баргузоршударо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус САҲА, эътироф накардааст. Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ аз раъйи интихобкунандаи тоҷикистонӣ вобаста набуд ва натиҷаҳои овоздиҳиро бо тақаллуби рӯирост ҷамъбаст менамуд. Раҳмон ба назорати мунсифонаи интихобот аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ иҷоза надод ва маҳз дар давраи роҳбарии ӯ системаи тақаллубкорӣ дар интихобот дар нисбати назорати дохилии интихобот аз ҷониби аҳзоб бештар рушд кард.
То имрӯз ӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва дифоъро рӯирост бо мақсади муҳофизати қудрати шахсиаш истифода мебарад. Мардум аз ин ба пуррагӣ огоҳ аст ва аз мақомоти давлатие, ки бо пули халқ, вале ба манфиати танҳо як оила фаъолият мебаранд, ҳеҷ умед надорад ва дар ҳолати зӯромад ҳам бар он такя намекунад. Ин мақомот ва ҳам ҳукумати Раҳмон аз дастгирии бевоситаи мардуми Тоҷикистон бархурдор набуда, бо сари худ, алоҳида болои мардум тариқи ваҳшатафканӣ ҳукумат доранд. Болои мардуми худ ва дар асри 21! Бештар аз ин мардуми қатории аз сиёсати ноодилона бадодомада дар назари Раҳмон дигар чун як қувваи “хатарнок”-е менамояд, ки тамоми мақомоти милиса, амният ва ҳатто раисони Кумитаҳои Маҳалларо барои “назорат” кардани ҳар як қадами ин мардум сафарбар кардааст.
Имрӯз, вақте гап сари шикояти мардум аз болои намояндагони зинаҳои поёни ҳукумати Раҳмон меравад, ҳамагӣ медонанд, ки ягон мақомдори давлатӣ аз рӯи қонуну ба манфиати мардум амал нахоҳад кард ва бо ҳар роҳу василае ҳатман мавқеи қудратмандонро ҳифз хоҳад намуд. Суд — мақомоти ба ном мустақили Тоҷикистон, ки аз ҷониби мардум интихоб нагардидаву ҳамеша аз боло таъинаш мекунанд, дигар ҳаргиз мақоми мӯйро аз хамир ҷудомекарда нест, балки ҳангоми баррасии парвандаҳои ба “боло” алоқаманд ҳамеша мутобиқи фармони боз ҳамон “боло” қарор мебарорад. Аз ин рӯ мардум айни замон дар симои мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ягон зарра пуштибони худро эҳсос намекунанд.
Мақомдорони давлатӣ бошанд, баръакс, аз қафои мардум хира мешаванд, то ба хонаҳояшон даромада, кӯшиш мекунанд барои гуноҳе муттаҳамашон сохта, аз онҳо ҷарима ситонанд. Ҷаримаситонӣ дигар барои ҳар корманди мақомоти давлатӣ як манбаи ғайриқонунии даромад шуда мондааст. Мақомоти давлатӣ гоҳ-гоҳе аз “боло” фармон ҳам мегиранд, ки “барои пур кардани буҷа” ва ё “натиҷаи кор нишон додан” чанд нафареро ҳатман барои “қонуншиканӣ” ҷарима банданд. Шумораи қонунҳои ҷаримазо он қадар афзудааст, ки истиқоматкунандаи қаторӣ баъзан ҳатто намедонад кадомашро вайрон карда бошад. Аз ин рӯ, аҳолӣ дар симои анқариб тамоми намояндагони мақомоти давлатӣ “ҷазодиҳандагон”-и худро дидаву кӯшиш мекунад бо онҳо рӯ ба рӯ наоянд.
Қонунҳои солҳои охир қабулкардаи Раҳмон акнун ба командаи ӯ имкон медиҳанд, ки ҳатто ба гӯшвори тиллоии келини нави хона, тӯшаҳои овардаи арӯс, ба дастурхони орододаи халқ дар идҳои мусулмонӣ (ба истиснои ҷашнгирии Соли Нав ё Рӯзи Ошиқон барин идҳои ба ном дунявӣ) ва ба номгӯ ва ҳаҷми хӯроки тайёрмекардаашон ҳам дар маросимҳои оилавиашон дахолат намоянд. Сиёсати маҳдудкунандаи Раҳмон дар 10-15 соли охир мардумро аз ҳукумат дилгир кардаву миёни мардум ва мақомоти давлатӣ як панҷараи оҳание ба вуҷуд овардааст. Ба мисли он, ки панҷараҳои баланди оҳанӣ атрофи биноҳои маъмурии ҳукуматҳои маҳаллӣ насб гардидаву ҳукуматдоронро аз мардуми қаторӣ билкул ҷудо нигоҳ медорад.
Рӯзноманигори тарафдори ашаддии ҳукумат Ҳуринисо Ализода дар ба марги вазифадори ҳарбие дар Фейсбук хеле бамаврид қайд кардааст, ки “мардум мансабдоронро дӯст намедоранд”. Худи намояндагони мақомот ҳам бо он қи қудрати дахолат намудан ба ҳама соҳаҳои зиндагии мардумро дар даст доранд, худро аз мардуми қаторӣ як сару гардан боло мешуморанд ва беибо ба сари мардуми ба онҳо муроҷиат намуда ҳавобаландона дӯғ мезананд. Ба мисле, ки имрӯзҳо мақомоти давлатии Тоҷикистон алайҳи мардуми худ ҷанг дорад. Дар авҷи афзудани норозигии мардум аз болоравии нархҳо ва ё аз сиёсати дахолат ба ҳарими шахсии мардону занон ҳукумати Раҳмон ин мардумро ҳар сари чанд вақт ба террористӣ, экстремистӣ ва узвият ба гурӯҳҳои ифротгарои барои худи ҳамин мардум ношинос “забонкӯтоҳ” карда меистад то ин ки аз тарс норозигиашонро кушоду равшан баён карда натавонанд.
Кори аслии ҳукумати Раҳмон дар ин шабу рӯз ҷанги дохилӣ алайҳи ҳама дигарандешону озодандешони мамлакат, ҳама нафароне аст, ки ба хостаи Раҳмон намекунанд: масҷид мераванд, сатр мебанданд, риш мемонанд ва ё дар интернет фикрашонро нисбати сиёсат кушоду равшан баён месозанд. Ин фишори рӯиростро ҳукуматдорони Раҳмон берӯёна “корҳои фаҳмондадиҳӣ”, “рейдҳо ба тарафдории либоси миллӣ”, “мубориза зидди ифротгароӣ” ва ҳоказо меноманд. Вале гӯшҳои КДАМ, ин режиссёри беноми чорабиниҳои зиддимардумӣ аз пушти ин ҳама “намоиш”-ҳо баръало намоён аст. Беҳуда нест, ки ҷавонони арост назди бинои КДАМ рафта, эътироз намуданд. Акнун ҷавонон ба муборизаи рӯирост алайҳи истибдоди Раҳмону ҳукуматаш ҳамроҳ гардидаанд, норозигии мардум аз сиёсати бераҳмона ва номуваффақи ӯ рӯз ба рӯз меафзояд: таҷаммуъи ҷавонон алайҳи рафтори ғайриқонунии кормандони амният дар назди бинои КДАМ дар ноҳияи Рӯшон, роҳбандии оилаҳои аз сел осебдида аз ришвахорӣ ва бепарвоии ҳукумат дар ноҳияи Хуросон, гирдиҳамоии эътирозии ҷавонон зидди маъракаи риштарошӣ дар ноҳияи Ванҷ.
Ҳодисаҳои ҳафтаи ахири Беларус диққати мардуми ҷаҳон, минҷумла ҷомеаи тоҷикро ба худ хеле ҷалб кардаву мавриди таҳлилҳои зиёди баҳсбарангез дар васоити ахбори мустақил гардид. Таҳқиқгари ҳукуматӣ Абдулло Раҳнамо бо и пешниҳоднамудааш нисбати ҳаводиси рӯзҳои ахири Беларус мавқеи тарафдоронаи ҳукумати Раҳмонро аз амалҳои Лукашенка бепарда иброз намуд. Аслан диктаторҳо низ ба ҳам алоқаи зич доштаву мавқеи якдигарро то ҳадди имкон ҳифз мекунанд. Суоле ба миён меояд, ки дар ҳолати аз қудрат рафтани Лукашенка тақдири як диктатори дигар — Қурмонбек Боқиев, президенти аз ҷониби эътирозгарон сарнагунгаштаи қирғиз, ки сабабгори куштани беш аз 80 нафар қирғизҳои тазоҳургар гардидаву моҳи апрели соли 2010 Лукашенка дар Беларус паноҳи сиёсиаш дод, чи мешуда бошад. Таҳлилҳои журналистони шинохта ва баёнгари мавҷудияти ақидаҳои мухолиф дар ҷомеаи тоҷик аст, ки ба тарфдории интихобкунандаии Беларус садо баланд кардаанд.
Мардуми аз роҳбарии диктаторҳо ба риққатомада чи дар Тоҷикистон ва чӣ дар Русия раванди гирдиҳамоиҳоро алайҳи тақаллуб дар натиҷагирии интихоботи президентии Беларус, ки рӯзи 9-уми август гузашт, бетанаффус пайгирӣ доранд. Он чи Лукашенка рӯзи 17 августи имсол нисбати мардуми беларус раво дид, бори дигар симои воқеии як диктаторро дар муносибат бо мардумаш ба намоиш мегузорад. Он ки мардуми аз диктатура хастагардидаи Беларус ба рӯи як президенти дарозумр мегӯянд “Бирав!”, подоши беэҳтиромии худи ӯ нисбати иродаи ин мардум тӯли солҳои зиёди истиқлолият ва садди рушди ҷавонони беларус гардиданаш мебошад. “Ман туф кардам бар он чи шумо мехоҳед!”(Мне наплевать, чего вы там хотите!) — аз ғазаб гуфт Лукашенка. Оре, ӯро хеле асабӣ карданду он чиро, ки дар дилаш буд, рӯирост гуфт. Аз ҷониби дигар ин муносибати воқеии ҳар диктатор ба вазъи мардуму кишвараш аст. Зеро барои ӯ дар даст доштани қудрат бамаротиб муҳимтар аст аз хоҳиши мардуме, ки гӯё интихобаш кардаанд.
Агар Лукашенка дарвоқеъ аз овози интихобкунандаи беларус вобаста мебуд, ҳаргиз чунин таҳқирро кушоду равшан нисбати онҳо раво намедид. Дар кишварҳои мутамаддин як таҳлили асосноки сиёсат, як барномаи танқидӣ метавонад ба рафти ягон сиёсати мушаххас таъсиргузор бошад. Ва агар сиёсатмадори сатҳи боло ваъдаҳои назди интихобкунанда додаашро иҷро накунад, ихтиёран ба истеъфо мераваду мунтазир намешавад то 15 000 мардуми норозӣ ба майдонҳо бирезад.
Имрӯз шабоҳати зиёдеро миёни Тоҷикистону Беларус пайдо намудан мумкин аст. На танҳо барои он ки Лукашенка Раҳмонро «дӯстам» номиду аз таҷрибаи ин «бародараш», ки пулемёт сари китф вориди Душанбе гардид, хост беларусҳоро пеш аз интихобот каме тарсонад. Ҳарчанд ҳамин мисол шабеҳияти ин ду диктаторро ба чашми мардум возеҳтар нишон дод. Ин ду диктатор ба ҳам аз бисёр ҷиҳат монанданд: ҳарду раиси колхоз/совхоз буданд, ҳарду соддалавҳанду сиёсатро ба дараҷаи кофӣ балад нестанд, ҳарду ҳам нисбати мухолифини сиёсиашон ниҳоят бераҳманд ва барои сиёҳ кардани рақибонашон машинаи зӯроварии давлатро ғайриқонунӣ истифода мекунанд, ҳарду ҳам барои аз даст надодани қудрат қодиранд манфиати мардумашонро ба ҷаве бифурӯшанд.
Лукашенка дар тақаллуби натиҷаҳои интихобот як диктатори таҷрибадор аст. Вале ин дафъа мардуми Беларус барои ҳифзи овозҳои худ бархостанд ва имконаш надоданд, ки раъйи онҳоро мувофиқи табъи худ соҳибдорӣ кунад ва бо рӯи сурх бигӯяд, ки «интихобкардаи мардум» аст. Муаллимони мактабҳо низ аз худ поквиҷдонӣ нишон додаву аз тақаллубкорӣ сар тофтанд. Ҳамин мардуми чун тоҷикон орому пурбардор дигар ба берӯии аз ҳад гузаштаи «батка»-и худ тоб наоварданд! Беларусҳо бо ин ҷасораташон нафарони аввали Душанбеву Маскавро ба андеша намудан водор сохтанд. Акнун дар навбат Душанбе, Маскав ва бешубҳа Ишқобод аст, ки донишҷӯёнаш дар ҷӯши ҳаводиси Минск қарор доштаву бемуҳобо аз озодӣ «сироят» ёфтаанд. Акнун мутобиқан ба вазъи пасазинтихоботии Беларус диктаторҳои камшумори боқимондаи пасошғравӣ ба стратегияҳои бозмонданашон тағъирот ворид хоҳанд кард.
Истиқлолияти ҳар кишвар аз пешравии фардии ҳар як узви ҷомеъа дар алоҳидагӣ ва аз некуаҳволии халқи он дар умум вобастагӣ дорад. Вақте раҳбари як кишвари ба наздикӣ аз юғи мустамликадорӣ озодгардида на ба раъйи мардуми кишвари худ, балки боз ҳам ба хотири бештар дар қудрат мондан ба дастгирии пуртамаъи мустамликадори собиқ эътимод мебанданд, истиқлолияти кишвари худро зери хатар мегузорад ва шахси худро низ. Раҳмонро, ки дар шоҳигарии Тоҷикистон дар оилаи Шоҳ Раҳмони Зард таваллуд нагаштааст, мебоист ҳангоми дар сари қудрат буданаш ба раъйи мардуми худ эҳтиром гузошта, мардумашро дар атрофи ҳукумат ҷамъ меовард то дар якҷоягӣ як Тоҷикистони воқеан мустақил бисозанд, то дар таърихи кишвар аз худ номи накӯ бигзорад. На инчунине ки кард: Тоҷикистони камбағал, мардуми мардикору ба маблағҳои хориҷа зор ва фасоди сартосарӣ. Таҷрибаи Беларус нишон дод, ки ҳар диктатурае бе дастгирии халқ ба шикаст рӯ ба рӯст. Ва ҳар роҳбари золиме ба беобурӯгӣ.
Дар ҳоли имрӯзаи Тоҷикистон КДАМ-ро зарур аст, ки биохира ба кори аслии худ баргардад: пешгирии хатари эҳтимолии аз байн рафтани истиқлолият ва умумияти ҳудудии кишвар дар пешорӯи ҳамсояи абарқудрат ва заминталаб. Офитсерҳои КДАМ диққаташонро беҳуда ба рӯи бериши зебои мардони ванҷӣ ва ба симои аз сатр даҳшатноки занҳои душанбегӣ сарф насозанд. Монанд, ки ин масъалаҳои сирф фардиашонро ин мардону занон бо ихтиёри худ ҳал кунанд. Ба сохтани филмҳои “ҳуҷҷати”-е аз қабили “Хиёнат” ҳам худро овора насозанд. Бигузоранд, ки “Тоҷикфилм” рисолати касбиашро худ иҷро намояд. Аз қафои ибораҳои фарсудаву аздаҳонрафтаи шӯравӣ чун “душмани халқ” ва “хоини миллат” ҳам нагарданд. Беҳтараш ба набзи олам гӯш диҳад.
Раҳмонро низ зарур аст, ки ба таҳаввулоти ахири Беларус ва вазъи бародараш “Сашка 3%” сахт диққат диҳад, на ба афсонаи Куриёи Шимолӣ, ки қудрат аз бобо ба писар ва аз писар ба набера мегузарад.
Анвар Мунавваршоев,
таҳлилгари сиёсӣ
Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?
Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

