Wednesday, April 15, 2026
Место для Реклама!
HomeПаём нетМубориз алайҳи фасод бо фасод дастгир шуд

Мубориз алайҳи фасод бо фасод дастгир шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз боздошти як афсари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ҳоли гирифтани ришва хабар додааст. Ҳаҷми ришва “махсусан калон” гузориш мешавад.

Хабар гузории давлатии “Ховар” бо истинод ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ менависад, ки “17-уми август аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутахассиси пешбари Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  полковник Ҷонибек Маҳмадзода ҳангоми гирифтани пора ба миқдори махсусан калон дастгир гардид”. 

Маълум нест ин “пора ба миқдори махсусан калон” чӣ миқдор пулро ташкил медиҳад. 

Тибқи иттилоъи манбаъ нисбати Маҳмадзода Ҷ.Б. парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular